Кумитаи интизомӣ қонуншиканонро муҷозот кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи интизомӣ қонуншиканонро муҷозот кард

Рӯзи 26 ноябр дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нурзода  ҷаласаи навбатии Кумитаи интизоми ФФТ баргузор шуда, дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:

– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири довар) дар бозии байни дастаҳои «Ҳосилот» – МТО-и лигаи якуми Тоҷикистон (19 ноябр), бозигари дастаи МТО Алишер Ҳайдаров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 19 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳариф) дар бозии байни дастаҳои МТО – «Эсхата»-и лигаи якуми Тоҷикистон (15 ноябр), бозигари дастаи «Эсхата» Нарзулло Раҷабов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Канд»-и лигаи якуми Тоҷикистон (21 ноябр), бозигари дастаи «Канд» Илҳом Иброҳимов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 21 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (тела додани ҳариф) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Канд»-и лигаи якуми Тоҷикистон (21 ноябр), бозигари дастаи «Канд» Субҳиддин Рӯзиқулов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 100 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 21 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (тела додани ҳариф) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Канд»-и лигаи якуми Тоҷикистон (21 ноябр), бозигари дастаи «Исфара» Абдусубҳон Раҳимов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 100 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 19 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳариф) дар бозии байни дастаҳои МТО – «Эсхата»-и лигаи якуми Тоҷикистон (15 ноябр), бозигари дастаи МТО Аъзам Ҷабборов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 19 ва 30 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқир ва рафтори иғвогароёна нисбати довар) дар бозии байни дастаҳои «Панҷшер» – «Ҳулбук»-и лигаи якуми Тоҷикистон (14 ноябр), бозигари дастаи «Ҳулбук» Насим Соҳибназаров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 33 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (задани довар) дар бозии байни дастаҳои «Чашма» – «Ҳулбук»-и лигаи якуми Тоҷикистон (4 ноябр), бозигари дастаи «Ҳулбук» Сӯҳроби Зариф аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 33 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (задани довар) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Эсхата»-и лигаи якуми Тоҷикистон (4 ноябр), бозигари дастаи «Исфара» Бадридин Зулфиқоров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 25 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (занозанӣ бо ҳариф) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон КМВА «Помир» – «Хайр» (21 ноябр), бозигари дастаи «Хайр» Ҷӯрабек Бобоев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 5  бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– барои вайрон кардани банди 25 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (занозанӣ бо ҳариф) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон КМВА «Помир» – «Хайр» (21 ноябр), бозигари дастаи  КМВА «Помир» Адҳам Муҳаммадлашкар аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 5  бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (бо пой зарба задан ба ҳариф) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» (21 ноябр), бозигари дастаи «Равшан» Хусрав Шарипов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3  бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

– барои вайрон кардани банди 2 боби 6 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Хайр» – «Равшан» (17 ноябр), мурабии дастаи «Равшан» Неъмат Тошев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (рафтори ғайриварзишӣ) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Хуҷанд» – «Истиқлол» (22 ноябр), мурабии дастаи «Хуҷанд» Шӯҳрат Умаров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 33 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (задани довар) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Хайр» – «Равшан» (17 ноябр), бозигари дастаи «Равшан» Ҳусейнҷони Маҳмадалӣ аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

Добавить комментарий