Рӯзи 26 ноябр дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизоми ФФТ баргузор шуда, дар он қарорҳои зерин қабул шуданд:
– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири довар) дар бозии байни дастаҳои «Ҳосилот» – МТО-и лигаи якуми Тоҷикистон (19 ноябр), бозигари дастаи МТО Алишер Ҳайдаров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 19 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳариф) дар бозии байни дастаҳои МТО – «Эсхата»-и лигаи якуми Тоҷикистон (15 ноябр), бозигари дастаи «Эсхата» Нарзулло Раҷабов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Канд»-и лигаи якуми Тоҷикистон (21 ноябр), бозигари дастаи «Канд» Илҳом Иброҳимов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 21 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (тела додани ҳариф) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Канд»-и лигаи якуми Тоҷикистон (21 ноябр), бозигари дастаи «Канд» Субҳиддин Рӯзиқулов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 100 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 21 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (тела додани ҳариф) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Канд»-и лигаи якуми Тоҷикистон (21 ноябр), бозигари дастаи «Исфара» Абдусубҳон Раҳимов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 100 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 19 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳариф) дар бозии байни дастаҳои МТО – «Эсхата»-и лигаи якуми Тоҷикистон (15 ноябр), бозигари дастаи МТО Аъзам Ҷабборов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 19 ва 30 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқир ва рафтори иғвогароёна нисбати довар) дар бозии байни дастаҳои «Панҷшер» – «Ҳулбук»-и лигаи якуми Тоҷикистон (14 ноябр), бозигари дастаи «Ҳулбук» Насим Соҳибназаров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 33 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (задани довар) дар бозии байни дастаҳои «Чашма» – «Ҳулбук»-и лигаи якуми Тоҷикистон (4 ноябр), бозигари дастаи «Ҳулбук» Сӯҳроби Зариф аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 33 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (задани довар) дар бозии байни дастаҳои «Исфара» – «Эсхата»-и лигаи якуми Тоҷикистон (4 ноябр), бозигари дастаи «Исфара» Бадридин Зулфиқоров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 25 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (занозанӣ бо ҳариф) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон КМВА «Помир» – «Хайр» (21 ноябр), бозигари дастаи «Хайр» Ҷӯрабек Бобоев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 5 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– барои вайрон кардани банди 25 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (занозанӣ бо ҳариф) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон КМВА «Помир» – «Хайр» (21 ноябр), бозигари дастаи КМВА «Помир» Адҳам Муҳаммадлашкар аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 5 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (бо пой зарба задан ба ҳариф) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» (21 ноябр), бозигари дастаи «Равшан» Хусрав Шарипов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– барои вайрон кардани банди 2 боби 6 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Хайр» – «Равшан» (17 ноябр), мурабии дастаи «Равшан» Неъмат Тошев аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (рафтори ғайриварзишӣ) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Хуҷанд» – «Истиқлол» (22 ноябр), мурабии дастаи «Хуҷанд» Шӯҳрат Умаров аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 33 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (задани довар) дар бозии байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон «Хайр» – «Равшан» (17 ноябр), бозигари дастаи «Равшан» Ҳусейнҷони Маҳмадалӣ аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 10 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.