Бо қарори Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон мураббии калони “Хуҷанд” Қаноат Латифов ва мураббии дарвозабонҳои даста Фаррух Бердиев ҳар кадоме барои се бозӣ барканор шуда, ба маблағи 500 сомонигӣ ҷарима баста шуданд.
Ин ҷазоро Кумитаи интизомӣ ба онҳо барои рафтори ғайриахлоқияшон дар бозии даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон байни “Хуҷанд” ва “Вахш” (3:1) дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа эълон кард. Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи мазкур сармураббии дастаи соҳили Сирдарё Нумонҷон Юсуповро низ муҷозот карда буд. Акнун бозии даври нуҳуми чемпионатро бо “Барқи тоҷик”, сармураббии “Хуҷанд” Нумонҷон Юсупов якҷоя бо ёваронаш Латипову Бердиев аз нишастгоҳи мухлисон назоррат мекунанд.
Дар ҷаласаи имрӯза, ки таҳти раёсати роҳбари кумита Тоҳир Нурзода баргузор шуд, Кумитаи интизоми ФФТ чунин қарорҳоро қабул кард:
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Хуҷанд» (21 июн), риоя накардани банди 1-и боби 6-и Кодекси интизоми ФФТ (рафтори ғайриқаноатбахш), мураббии калони дастаи «Хуҷанд» Қаноат Латипов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста дар минтақаи техкикӣ ҳузур доштан маҳрум карда шуд, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Хуҷанд» (21 июн), риоя накардани банди 1-и боби 6-и Кодекси интизоми ФФТ (рафтори ғайриқаноатбахш), мураббии дастаи «Хуҷанд» Фаррух Бердиев аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста дар минтақаи техкикӣ ҳузур доштан маҳрум карда шуд, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Хуҷанд» (21 июн), риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (суханони қабеҳ гуфтан нисбати ҳайати доварон ва нозири бозӣ), бозигари дастаи «Хуҷанд» Соҳиб Ҳакимов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Хуҷанд» (21 июн), риоя накардани банди 20-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (суханони қабеҳ гуфтан нисбати тамошобинони бозӣ), бозигари дастаи «Хуҷанд» Ҳасан Рустамов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Вахш» – «Хуҷанд» (21 июн), риоя накардани банди 16-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (фоли “умеди охирон”), бозигари дастаи «Хуҷанд» Валерий Кашуба аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Барқи тоҷик» – «Равшан» (21 июн), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо рақиб), бозигари дастаи «Равшан» Суннатулло Холов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Барқи тоҷик» – «Равшан» (21 июн), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо рақиб), бозигари дастаи «Барқи тоҷик» Сорбон Карамов аз ҳуқуқи дар се бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ КМВА «Помир» – «Далерон-Уротеппа» (21 июн), риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (задани бозигари ҳариф бо оринҷ), бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа» Беҳзод Мусоев аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуд, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Далерон-Уротеппа» – КМВА «Помир» (20 июн), риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан), бозигари дастаи КМВА «Помир» Иззатулло Рӯзиев аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ КМВА «Помир» – «Далерон-Уротеппа» (20 июн), риоя накардани банди 19-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири ҳариф), бозигари дастаи КМВА «Помир» Зоир Ҷӯрабоев аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ КМВА «Помир» – «Далерон-Уротеппа» (20 июн), риоя накардани банди 23-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (задани ҳариф бо пой), бозигари дастаи «Далерон-Уротеппа» Насим Расулов аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шавад.
– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ «Регар- ТадАЗ» – «Парвоз» (21 июн), риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан), бозигари дастаи «Парвоз» Фирдавс Акрамов аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шавад.
– Барои дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Саройкамар» – «Исфара» (20 июн), риоя накардани банди 3-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (дар як бозӣ ду маротиба бо корти зард огоҳонида шудан), бозигари дастаи «Исфара» Муҳаммад Ҳасанов аз ҳуқуқи дар як бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 (яксаду панҷоҳ) сомонӣ ҷарима баста шавад.
– Барои дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои «Локомотив» – «Чашма» (21 июн), риоя накардани банди 1-и боби 6-и Кодекси интизоми ФФТ (рафтори ғайриқаноатбахш), сардори дастаи «Чашма» Рустам Аҳмадов аз ҳуқуқи дар ду бозии навбатии даста иштирок кардан маҳрум карда шавад.