Кумитаи интизомӣ ҳафт дастаи лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистонро ҷарима баст – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи интизомӣ ҳафт дастаи лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистонро ҷарима баст

Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рўзи 2-юми сентябр, ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ таҳти раёати сардори кумита Тоҳир Нурзода баргузор гардид ва дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул шуданд:

– барои вайрон кардани банди 20  боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (баён кардани суханони носазо нисбати ҳайати доварон) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни  “Парвин” — “Локомотив” (27 август) бозигари дастаи “Парвин” Баҳодур Каримов аз  ҳақи иштирок дар 2  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни  “Регар-ТадАз” — “Хуҷанд” (20 август) бозигари дастаи “Хуҷанд” Илҳомҷон Баротов аз  ҳақи иштирок дар як  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни  “Кўктош” — “Чашма” (24 август) бозигари дастаи “Чашма” Азамат Неъматуллоев аз  ҳақи иштирок дар як  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои Низомномаи баргузории мусобиқаҳо дар варзишгоҳ) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни  “Саройкамар” — “Кўктош” (28 август) дастаи “Саройкамар” ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 34 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (ғоиб будани нишони ФФТ ва ЛФТ дар либосҳои бозигарон) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни  “Саройкамар” — “Кўктош” (28 август) дастаи “Кўктош” ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои Низомномаи баргузории мусобиқаҳо дар варзишгоҳ) дар бозии 1\4 финали Ҷоми Тоҷикистон байни  “Ваҳдат” — “Равшан” (20 август) дастаи “Ваҳдат” ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои Низомномаи баргузории мусобиқаҳо дар варзишгоҳ) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни  “Коммуна” — “Парвин” (23 август) дастаи “Парвин” ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 6  боби 2 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқир кардани ҳайати доварон) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни  “Парвин” — “Локомотив” (27 август) роҳбари  дастаи “Парвин” Наимҷон Собиров аз  ҳақи иштирок дар 4  бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 2  боби 6 ва банди 1 боби 3 Низомномаи баргузории чемпионати Тоҷикистон (иҷро накардани талаботҳо нисбати сару либоси бозигарон) дар бозии 1\4 финали Ҷоми Тоҷикистон байни  “Ваҳдат” — “Равшан” (20 август)  дастаи “Равшан” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани банди 2  боби 6 ва банди 6 боби 1 Низомномаи баргузории чемпионати Тоҷикистон (иҷро накардани талаботҳо нисбати сару либоси бозигарон) дар бозии 1\4 финали Ҷоми Тоҷикистон байни  “Истиқлол” — “Хайр” (20 август)  дастаи “Хайр” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.

– барои вайрон кардани бандҳои 12 ва 34 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ ва надоштани нишонҳои ФФТ ва ЛФТ дар либосҳои бозикунии дастаҳо) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни  “Ҳулбук” — “Саройкамар” (24 август) дастаи “Ҳулбук” ба маблағи 700 сомонӣ ҷарима баста шавад.

Добавить комментарий