Кумитаи Иҷроияи ФФТ якчанд қарори муҳимро қабул кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи Иҷроияи ФФТ якчанд қарори муҳимро қабул кард

Дар ҷаласаи Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 4-уми март дар маҷлисгоҳи Федератсияи доир гардид, як қатор қарорҳои муҳим қабул шуданд. Муҳимтарини онҳо бекор кардани меъёри синну соли бозигари ҷавони дастаҳои лигаи олӣ  дар мавсими нави футбол мебошад. 

 

Чемпионати имсолаи Тоҷикистон 8-уми апрел шурӯъ мешавад

Ҷемпионати аз рӯи ҳисоб 25-уми Тоҷикистон, ки ҷашнӣ низ маҳсуб меёбад, санаи 8-уми апрел шурӯъ мегардад. Баргузории қръакашии тақвими бозиҳои чемпионат бошад, санаи 10-уми март ба нақша гирифта шудаст. Қобили қайд аст, ки дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки соли гузашта дар чемпионати мамлакат зинаи охиринро ишғол намуд, мувофиқи принсипи варзишӣ бояд ба лигаи якум мегузашт. Аммо, аъзоёни  Кумитаи Иҷроия Федератсияи футболи мамлакат бо мақсади афзун гардонидани дастаҳои иштирокчии лигаи олӣ, зиёд намудани шумораи бозиҳо дар лига ва рушду инкишофи футбол дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор карданд, ки «Парвоз» дар лигаи олӣ монда шавад.

Дар чемпионати имсолаи мамлакат иштироки 11 даста дар назар дошта шудаст. Ба даҳ дастаи соли гузашта чемпиони мавсими гузаштаи лигаи якуми Тоҷикистон, дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ҳамроҳ мешавад.

Равзанаи гузариш (трансферное окно) пеш аз оғози мавсими нави футбол санаи 25 март маҳкам мешавад. Мутобиқи Низомномаи мақом ва гузариши футболбозон, баъд аз мӯҳлати нишондодашуда, клубҳои футбол наметавонанд футболбозонро номнавис кунанд.

 

Меъёри синну сол бекор карда шуд

Бекор кардани меъёри синну сол барои футболбозони ҷавон, яке аз муҳимтарин қарорҳои қабулкардаи имрӯзаи Кумитаи Ичроия буд. Сар аз мавсими футболи соли 2013 ҳар як дастаи лигаи олӣ вазифадор буд, ки ба ҳайати аввалӣ (стартовый состав) як нафар бозигари ҷавони то синни 19 соларо шомил гардонад ва ин бозигарро дар бозӣ танҳо бозигари синнаш ба ӯ мувофиқ иваз карда метавонист.

Дар мавсими футболи соли 2016 дар бозиҳои ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ роҳбарони дастаҳо метавонанд ба протоколи бозӣ 8 нафар бозигарони соли таваллудашон 1998 ва 3 нафар бозигарони синнашон калонро шомил гардонанд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон дар Турсунзода мегузарад

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки дар он чемпион ва барандаи Ҷоми миллӣ дар мавсими футболи соли гузашта «Истиқлол»-и Душанбе бо ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионат «Хуҷанд»-и Хуҷанд рақобат мекунанд, санаи 3-юми апрел доир хоҳад шуд. Аъзоёни Кумитаи Иҷроия қарор караднд, ки бозии мазкур дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор карда шавад. Имсол бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон барои бори ҳафтум гузаронида мешавад. Қаблан Суперҷоми Тоҷикистонро панҷ маротиба «Истиқлол»-и Душанбе (2010, 2011, 2012, 2014, 2015) ва ҳамагӣ як маротиба «Равшан»-и Кӯлоб соҳиб шуда аст.

 

Роман Пилипчук мунтахаби ҷавононро ба чемпионати Осиё-2016 омода мекунад

Дар ҷаласаи имрӯзаи Кумитаи Иҷроияи ФФТ мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук, ки ба ситоди мураббиёни Мубин Эргашев дар мунтахаби миллии Тоҷикистон шомил аст, сармураббии мунтахаби ҷавонони то синни 19 солаи мамлакат таъин шуд.  ӯ дар ин вазифа Салоҳиддин Ғафуровро иваз намуд. Моҳи октябри соли ҷорӣ мунтахаби ҷавонони мо дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар давлати Баҳрайн иштирок мекунад. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони мо дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа санаи  30 апрел маълум мешаванд.

 

Дар ҷаласаи имрӯзаи Комиҷроияи ФФТ, инчунин мазӯҳои зерин тасдиқ шуданд: 

– Тағийру иловаҳо ба Низомномаи баргузории чемпионат, Ҷом ва дигар мусобиқаҳои Тоҷикистон дар соли 2016;

– Дурнамои рушди департаменти техникии ФФТ барои солҳои 2016-2018;

– Ҳайат ва Низомномаи Кумитаи литсензиякунонии ФФТ.

Добавить комментарий