Кумитаи Иҷроияи ФФТ шумораи дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Кумитаи Иҷроияи ФФТ шумораи дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон шумораи дасатҳои иштирокчии Лигаи олии мамлакатро барои мавсими имсола тасдиқ кард. Дар мавсими имсолаи Лигаи олии чемпионат ҳамагӣ  ҳашт даста иштирок хоҳанд кард.

Бар асоси ҷамъбасти натиҷаи литсензиякунонии дастаҳои футбол аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ФФТ танҳо ба ҳашт даста иҷозати иштирок дар мавсими футболи соли 2017-ро дод. Ба ин рӯйхат дастаҳои «Истиқлол», «Барқчӣ» ва КМВА «Помир» (ҳама аз шаҳри Душанбе), «Ҳосилот» -и Фархор, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими футболи соли гузаштаи кишвар «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дохил шуданд.

Дар ҷаласа аз сабаби ба талаботи Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҷвобгӯ набудан ва нагузаштан аз санҷиши литзензиякунонӣ дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Равшан»-и Кӯлоб ба Лигаи якум гузаронида шуданд. Дастаҳои «Равшан» ва «Хайр» танқисии молиявиро аз сар мегузаронанд ва аз тарафи дигар, варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат дар ҳолати на он қадар хуб қарор дорад ва ба талаботҳои Низомномаи баргузории бозиҳои лигаи олии Тоҷикистон ҷавогӯ нест. Бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, дар се қисм гузаронида мешаванд. Дастаҳо дар ин муддат 21 вохӯрӣ мегузаронанд. Қуръакашии тақвими бозиҳо рӯзи  10 феврал доир мегардад.

Мувофиқи тартиби баргузории Лигаи олии Тоҷикистон дастае, ки дар ҷамъбаст  зинаи охирро ишғол мекунад аз Лигаи олӣ ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки зинаи 7-умро соҳиб мешавад, бо дастаи зинаи дуюми Лигаи якум дар бозии гузаришӣ ширкат меварзад. Ғолиб аз рӯи натиҷаи ду бозӣ муайян мешавад. Ё дастаи зинаи 7-уми лигаи олӣ дар ҷояш мемонад ва ё дастаи ҷои дуюми лигаи якум ба лигаи олӣ роҳхат мегирад.

Дар ҷаласа ҳамчунин рӯзи баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон муайян карда шуд. 4 март дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот» дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор, ки 25 000 ҷои нишсат дорад барои дарёфти ин ҷоиза вориди рақобат мешаванд.

Кумитаи иҷроияи, инчунин тағйирот ва иловаҳоро ба Низомномаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ тасдиқ кард.

Добавить комментарий