Имрӯз, 23 июл, футболи тоҷик ба талафоти гарон дучор шуд. Баъд аз бемории вазнини тӯлонӣ, хеле бармаҳал, ҳамагӣ дар синни 36-солагӣ инсони комилу оқил, дӯсти мушфиқу меҳрубон, котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон, комиссари ФИФА ва АФК Ислом Иззатуллоевич Маҳмадшоев вафот кард.
Аз даст додани чунин ҷавонмарде, ки барои тавсифи сифатҳои накӯяш сухани муносиб ёфтан хеле ва хеле душвор аст, барои мо, ҳамкорон ва ҳамаи он нафароне, ки марҳумро мешинохту бо ӯ ошноӣ дошт, ниҳоят гарон аст ва хотираи неки Исломи ҷавонмарг ҳамеша дар ёдамон боқӣ хоҳад монд. Дуо мекунем, ки Худованди чорасоз ҷояшонро ҷаннату манзили охираташонро обод гардонад.
Роҳбарият ва аҳли кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ин талафоти гарон сахт андӯҳгин буда, ба наздикони Ислом Иззатуллоевич ҳамдардии амиқи худро баён менамоянд ва барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамилро хоҳонанд.
Ислом Иззатуллоевич Маҳмадшоев 1 майи соли 1980 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадаст. Аз соли 1997 то соли 1999 дар сафи Артиши Тоҷикистон хизмат кардаст. Маълумоташ олӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии комерсияи Тоҷикистон.
Дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон сар аз соли 2004 ба ҳайаси мутахассиси пешбари шӯъбаи байналмилалӣ фаъолиятро оғоз кардааст. Аз соли 2009 то соли 2012 ёвари котиби генаралӣ. Аз соли 2012 то 2 июли соли 2013 сардори шӯъбаи байналмилалӣ. 2 июли соли 2013 ба вазифаи котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъин шуд. Аз соли 2010 комиссари КФО ва аз соли 2011 комиссари ФИФА мебошад.
Ислом Маҳмадшоев соҳиби чор фарзанд, се духтару як писар буд.