Командаи “Сохтмони кишвар” ғолиби Ҷоми “Хl” шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Командаи “Сохтмони кишвар” ғолиби Ҷоми “Хl” шуд

Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми нӯшокии нерӯбахши “ХL” бо ҷоизапулии умумии 18 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт.

Дар мусобиқа, ки бештар аз як моҳ идома ёфт 24 даста иштирок карданд. Дар бозии ҳалкунанда дастаҳои “Сохтмони кишвар” ва “Бонки миллӣ” ба ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи сохтмончиён анҷом ёфт. Голи ягонаро Сӯҳроб Ашӯров ба нишон зад.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои Шабакаи телевизиони “Варзиш” ва “Формула-55” вориди рақобат шуданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани силисилазарбаҳои пеналтӣ бошад бахт ба рӯи рӯзноманигорони ТВ “Варзиш” хандид ва онҳо бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфтанд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев, директори ҶДММ “Иқтидор” Дамир Ибрагимов ва футболбозони “Истиқлол”-и Душанбе Нуриддин  Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов ва Никола Стошич иштирок намуда, Ҷому медалҳо, диплому ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравиро ба ҷоизадорони мусобиқа тақдим намуданд.

Ба ин тартиб, ба дастаи “Сохтомони кишвар” ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ, ба ҷоизадори медалҳои нуқра, дастаи “Бонки миллӣ” 6 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи ҷоизадори медалҳои биринҷӣ – ТВ “Варзиш” 4 ҳазор сомонӣ  супорида шуд.

Добавить комментарий