КМВА «Помир» ва «Хуҷанд» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА «Помир» ва «Хуҷанд» ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ баромаданд

Аввалин дастаҳои нимфиналисти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон маълум шуданд. КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд аз гурӯҳи “А” ба бозиҳои 1/2 финалӣ баромаданд.

Имрӯз, 6 март, бозиҳои ҷамъбастии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи “А” доир гардиданд. “Cаройкамари”-и Панҷ ғайричашмдошт бар ҷоизадори медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузаштаи Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Қобили қайд аст, ки ин ғалабаро футболбозони панҷӣ тавассути матонат ва қавииродагии баланд соҳиб шуданд. Бозиро бо ҳисоби 1 бар 0 бохта истида, дружинаи Идибек Ғафоров муваффақ шуд, ки бо задани ду гол бозиро ба фоидаи худ анҷом кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ барои бори дуюм бо корти зард огоҳонида шудан, ниммуҳофизи “Саройкамар” Умед Авазов майдонро тарк кард.

Ба ин тартиб, баъд аз се давр якбора чор даста соҳиби 4 имтиёзӣ шуданд, ки ин ҳолат дар футбол хеле ҳам кам рӯй медиҳад. Аммо аз сабаби бартарияти натиҷаи голҳои задашуда КМВА “Помир” (+5) ва “Хуҷанд” (+1) ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рақибони онҳо рӯзи 7 март баъд аз ҷамъбасти бозиҳо дар гурӯҳи “Б” маълум мешаванд. Соати 10:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Помир”-и Душанбе бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва соати 16:00 “Регар-ТадАз”-и Турсунзода бо “Хайр”-и Ваҳдат вомехӯранд. “Хайр” баъди ду бозӣ 3 имтиёз ва “Регар-ТадАз” ҳамагӣ 2 имтиёз дорад.

 

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». даври 3-юм

«Хуҷанд» – «Саройкамар» – 1:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Ҷонибек Ғаффоров, 79 (1:1). Ҳусейн Ёқубов, 90+4 (1:2).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алишер Тӯйчиев, Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Ахмедов, Ҳасан Рустамов (Марифҷон Марифбоев, 46), Эраҷ Раҷабов, Илҳом Баротов, Соҳибҷон Ҳакимов, Руслан Раҳматов, Саидҷон Шарипов, Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муминов, 71).

«Саройкамар» (Панҷ): Сафар Наботов, Искандар Мамадқулов, Фаридун Шодиев, Фирдавс Солехов (Ҷонибек Ғаффоров, 77), Соҳиб Ваҳобов, Насим Мамадқулов (Саидумари Абдувалӣ, 70), Ҳусейн Ёқубов, Анвар Авазов, Умед Авазов, Акмал Авазов (Дилшод Ниҳолов, 50), Хуршед Ямаков (Шариф Раҳматов, 57).

Огоҳонида шуданд: Руслан Раҳматов, Соҳибҷон Ҳакимов, Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), Хуршед Ямаков,Ҳусейн Ёқубов («Саройкамар»).

Аз майдон хориҷ шуд: Умед Авазов («Саройкамар»), 47 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 7,7 хол.

Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

6 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобинон.

 

«Истиқлол» – КМВА «Помир» – 1:8

Голҳо: Алишер Холмуродов, 12 (0:1). Андох Наполеон, 17 (0:2). Алишер Мирзоев, 20 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 28 (1:3). Шодибек Ғаффоров, 45 (1:4). Шамсиддин Қосимов, 48 (1:5). Шодибек Ғаффоров, 54 (1:6). Фирӯз Раҳматов, 76 (1:7). Рустам Толибов, 85 (1:8).

«Истиқлол» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев (Ибод Ибодов, 65), Оятулло Сафаров, Шаҳбоз Маҳмадуллоев (Ислом Бобоев, 55), Абдулмумин Забиров, Зиёвуддин Фузайлов (Муҳаммадэҳсон Ҷалилов, 65), Наврӯзи Абдуғаффор, Сӯҳроб Ҷалилов, Ҷамшед Муродов, Алишер Мирзоев (Мунис Хоҷаев, 78), Шериддин Бобоев (Ҳомид Сафаралӣ, 86), Амирҷон Сафаров.

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Алишер Холмуродов (Сефах Жаке Нана, 70), Павел Калугин (Фурӯғ Қодиров, 70), Зоир Ҷӯрабоев, Шамсиддин Қосимов (Рустам Толибов, 62), Комрони Мирзонаҷот (Маҳмадалӣ Содиқов, 62), Андох Наполеон, Парвиз Кашкаров, Фирӯз Раҳматов, Шодибек Ғаффоров (Давронҷон Тухтасунов, 62).

Огоҳонида шуданд: Алишер Мирзоев, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Парвиз Кашкаров, Фаррух Фузайлов (КМВА «Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣШодибек Ғаффоров (КМВА«Помир»).

СардоварДиловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Сатторов (Душанбе).

6 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 КМВА «Помир» (Душанбе) 3 1 1 1 10-5 4
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 6-5 4
3 «Саройкамар» (Панҷ) 3 1 1 1 3-4 4
4 «Истиқлол» (Душанбе) 3 1 1 1 5-10 4

 

Гурӯҳи «Б»

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Вахш» (Қӯрғонетеппа) 2 1 1 0 3-1 4
2 «Хайр» (Ваҳдат) 2 1 0 1 5-4 3
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 0 2 0 1-1 2
4 «Помир» (Душанбе) 2 0 1 1 2-5 1

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

Гурӯҳи «Б»

7 март (душанбе)

10:00 – «Помир» – «Вахш»

16:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

9 март (чоршанбе)

10:00 – 1 «А» – 2 «Б»

16:00 – 1 «Б» – 2 «А»

 

11 март (ҷумъа)

10:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

16:00 – Финал

Добавить комментарий