КМВА «Помир» баъди ғалаба бар «Вахш» ба зинаи дуюм баромад – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА «Помир» баъди ғалаба бар «Вахш» ба зинаи дуюм баромад

Имрӯз, 13 сентябр, як бозии даври дувоздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он КМВА «Помир»-и Душанбе бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.

Мудофиачиён ҳарду голи худро дар ниммаи дуюми бозӣ ба самар расонданд. Голи якумро дар оғози қисми дуюм Акмал Сабуров ва голи дуюмро дар дақиқаи 51-ум Давронҷон Тухтасунов заданд. То анҷоми бозӣ соҳибони майдон имконияти зиёди голзаниро созмон доданд, амо анҳоро амалӣ карда натавонистанд.

Баъди ин ғалаба КМВА «Помир» бо 20 имтиёз ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад.

Пагоҳ, 14 сентябр, боз як бозии даври дувоздаҳум баргузор мешавад. Дар ин рӯз чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт, дастаи «Хайр»-и Ваҳдатро қабул мекунад. Оғози бозӣ соати 16:00.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 12-ум

КМВА «Помир» – «Вахш» – 2:0

Голҳо: Акмал Сабуров, 46 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 51 (2:0).

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фурӯғ Қодиров, Комрони Мирзохон, Сефах Джек Нана, Фирдавс Чақалов, Шамсиддин Қосимов, Комрони Мирзонаҷот, Шодибек Ғаффоров (Комилҷон Ҷабборов, 79), Акмал Сабуров (Шарафҷон Солеҳов, 73), Андох Наполеон (Ориён Азизов, 85), Давронҷон Тухтасунов.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Ҷовидони Бобохон, Бахтиёр Қаландаров, Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарипов, Умарҷон Шарипов, Беҳрӯз Ниёзов, Нумонҷон Ҳакимов, Азим Муродов, Муҳаммадрофеъ Холов (Фазлиддин Насриддинзода, 78), Хайём Гургалиев (Валӣ Зарипов, 57).

Огоҳонида шуданд: Фирдавс Чакалов (КМВА «Помир»), Бахтиёр Қаландаров («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Умедҷон Шарипов («Вахш»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Субҳон Хоҷамов (Душанбе).

13 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 11 8 3 0 31-11 27
2 КМВА «Помир» (Душанбе) 12 6 2 4 16-9 20
3 «Ҳосилот» (Фархор) 11 5 4 2 20-11 19
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 5 2 4 23-14 17
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 11 5 2 4 16-16 17
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 12 5 2 6 18-23 17
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 5 1 5 12-18 16
8 «Хайр» (Ваҳдат) 11 4 4 3 15-13 16
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 11 1 2 8 8-21 5
10 «Равшан» (Кӯлоб) 11 0 2 9 9-33 2

Нишонзанҳ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 11 гол, Агблей Ҷонес («Хайр»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 8 голӣ, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 7 голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»/«Регар-ТадАЗ»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 6 голӣ.

Добавить комментарий