КМВА “Помир” ғалабаи сеюми пайдарҳами худро соҳиб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

КМВА “Помир” ғалабаи сеюми пайдарҳами худро соҳиб шуд

КМВА “Помир”-и пойтахт дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ севумин ғалабаи пайдарҳами худро соҳиб шуд. Дар даври шашуми мусобиқа дружинаи Раҳматулло Фузайлов дар майдони худ бар аутсайдери чемпионати имсола “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби калони 3 бар 1 пирӯзӣ ёфт. Голҳои мудофиачиёнро легионери африқоитабор Андох Наполеон, ниммуҳофиз Парвизҷон Кашкаров ва ҳамлагар Шодибек Ғаффоров  заданд. Ин сеюмин ғалабаи пайдарҳами мудофиачиён дар чемпионати имсола мебошад. Баъди ин ғалаба КМВА “Помир” бо 10 имтиёз ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа баромад.

“Барқчӣ”- и Душанбе низ дар ин давр ба ғалаба мувафақ шуд. Барқчиён дар меҳмонӣ бар “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо гардиданд. Ҳисоби ин вохӯриро дар дақиқаи 41 бозӣ нимуҳофизи “Барқчӣ” Эҳсони Панҷшанбе боз кард. Дар оғози қисми дуюми вохӯрӣ руслан Таваккалов голи соҳибони майдонро зада ҳисобро баробар намуд. Ҳамагӣ ҳафт дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ бошад, Отабек Каримов голи дуюми меҳмононро ба нишон расонд. Қобили қайд аст, ки дар дақиқаи 71 бозӣ Абдураҳмон Қурбонов аз “Парвоз” зарбаи пеналтиро амалӣ карда натавонист. Зарбаи задаи ӯро дарвозабони меҳмонон Беҳрӯз Хайриев дошта гирифт.

Се бозии дигари ин давр пагоҳ баргузор мешаванд. Дар бозии марказии давр “Регар-ТадАЗ” дар майдони худ “Ҳосилот”-и Фархорро қабул мекунад. Чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе бошад дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунад. Витсе-чемпиони Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар доираи ин давр дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо “Хайр”-и Ваҳдат рӯбарӯ мешавад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

«Парвоз» – «Барқчӣ» – 1:2

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 41 (0:1). Руслан Таваккалов, 55 (1:1). Отабек Каримов, 83 (1:2).

Пеналтии амалинашуда: Абдураҳмон Қурбонов («Парвоз»), 71 – дарвозабон.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳиб Эргашев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Асатулло Нуруллоев, Далер Бердиқулов, Абдумалик Юсупов, Диловар Бойкузиев (Рустам Домлоҷонов, 84), Руслан Таваккалов, Масъуд Раҳимов (Азиз Шамсиев, 46), Абдураҳмон Қурбонов, Аваз Норкузиев (Бахтовар Норкузиев, 72), Меҳрулло Бобоев.

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Зиёвуддин Фузайлов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Амирҷон Сафаров, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Суннатулло Холов (Отабек Каримов, 59), Хуршед Маҳмудов, Комил Саидов (Нуриддин Ҳамроқулов, 80).

Огоҳонида ҳуданд: Аваз Норкузиев, Абдумалик Юсупов, Абдураҳмон Қурбонов («Парвоз»), Комил Саидов, Табрези Давлатмир, Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Руслан Таваккалов («Парвоз»).

СардоварНасрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

14 май. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 1000 тамошобинон.

 

КМВА «Помир» – «Равшан» – 3:1

ГолҳоАндох Наполеон, 4 (1:0). Комрони Мирзохон, 18 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Парвиз Кашкаров, 21 (2:1). Шодибек Ғаффоров, 36 (3:1).

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Сефах Жаке Нана, Фурӯғ Қодиров, Акмал Сабуров (Рустам Толибов, 70), Комрони Мирзонаҷот, Шамсиддин Қосимов (Шарафҷон Солеҳов, 85), Парвиз Кашкаров, Комрони Мирзохон (Фирдавс Чақалов, 25), Шодибек Ғаффоров, Андох Наполеон.

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Саидхони Амрохон, Хисрав Носиров (Бахтиёр Комилов, 46), Абдураҳмон Нозимов, Сайдамири Сайдаҳмад, Фаридун Рустамов, Комрони Саидзод (Зокир Абдулхайров, 46), Хуршед Каримов (Аваз Қамчинов, 55), Тоҳири Баҳром, Далер Чолов, Абубакр Азимов.

Огоҳонида шуданд: Фаррух Фузайлов, Шамсиддин Қосимов (КМВА «Помир»), Тоҳири Баҳром, Саидхони Амрохон, Далер Чолов, Аваз Қамчинов («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАндох Наполеон (КМВА «Помир»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

14 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3000 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 20-6 15
2 «Ҳосилот» (Фархор) 5 3 1 1 8-5 10
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 6 3 1 2 6-4 10
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 3 0 2 8-5 9
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 3 0 2 4-6 9
6 «Хайр» (Ваҳдат) 5 2 2 1 7-3 8
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 2 1 2 7-6 7
8 «Барқчӣ» (Душанбе) 6 2 1 3 8-10 7
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 1 0 5 4-11 3
10 «Равшан» (Кӯлоб) 6 0 0 6 3-20 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 4 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ») – 3 голӣ.

Добавить комментарий