Клуби Тоҷикистон дар Лигаи чемпионҳои АФК: боз як қадами дигар… – Федерация Футбола Таджикистана

Клуби Тоҷикистон дар Лигаи чемпионҳои АФК: боз як қадами дигар…

Рӯзи интишори раддабандии нави ФИФА – сабаби навсозии рейтинги фаннии федератсияҳои узви Конфедератсияи футболи Осиё. Ёдовар мешавем, ки маҳз аз рӯи ҳамин раддабандӣ дар моҳи ноябр квотаҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои бошгоҳии АФК барои солҳои 2017-2018 ҷудо карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки 19 зина боло рафтани мунтахаби миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА имконият дод, то ақибмонӣ аз Лубнон як андоза камтар шавад. Тоҷикистон дар радабандии фаннии АФК бештар аз 3 имтиёзро илова кард ва ба ҷои пештараи худ, яъне мақоми 22-юм баргашт. Аммо барои ҷои 12-ум дар минтақаи «Ғарб», ки ҳуқуқи иштирок кардан дар бозиҳои плей-оффи АФК-ро медиҳад ба Тоҷикистон ҳамагӣ 2, 6 имтиёз камӣ мекунад.

ranking

Добавить комментарий