Каримов ва Музаффаров аз ҳақи иштирок дар чор бозӣ маҳрум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Каримов ва Музаффаров аз ҳақи иштирок дар чор бозӣ маҳрум шуданд

Дар маҷлисгоҳи Федератсия футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ доир гардид. Дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул шуданд:

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хайр» – «Хуҷанд» (15 август), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо ҳариф), бозигари дастаи «Хуҷанд» Сафаралӣ Каримов аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хайр» – «Хуҷанд» (15 август), риоя накардани банди 25-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (занозанӣ бо ҳариф), бозигари дастаи «Хайр» Меҳроҷиддин Музаффаров аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Хайр» – «Хуҷанд» (15 август), риоя накардани банди 24-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (бо мушт ба рӯи ҳариф задан), бозигари дастаи «Хайр» Фазлиддин Сафаров аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шавад.

– Барои дар сабқати ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон байни «Хайр» – «Хуҷанд» (15 август), риоя накардани банди 18-и боби 7-и Кодекси интизоми ФФТ (таҳқири сардовари бозӣ), бозигари дастаи «Хайр» Шарафҷон Солеҳов аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.

Қайд мекунем, ки барои вайрон кардани банди 2-и боби 7 Кодекси интизоми ФФТ (барои дар давоми чемпионат бори шашум бо корти зард огоҳонидашудан) муҳофизатгари “Хуҷанд” Сафаралӣ Каримов ва ҳамлагари “Хайр” Меҳроҷиддин Музаффаров боз аз ҳуқуқи иштирок дар як бозии дигар маҳрум карда шуда, ба маблағи 200 (дусад) сомонигӣ ҷарима баста шуданд.

Добавить комментарий