Кӯдакони МҶМОВ – ғолиби Ҷоми ёддошти Геннадий Ҷеревченко – Федерация Футбола Таджикистана

Кӯдакони МҶМОВ – ғолиби Ҷоми ёддошти Геннадий Ҷеревченко

Дастаи кӯдакони Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиши шаҳри Душанбе зери роҳбарии Сафар Раҳмонов бори аввал ғолиби мусобиқаи анъанавии – Ҷоми гиромидошти ёдбуди муҳофизатгари маъруфи “Помир”-ӣ Душанбе, устоди варзиши СССР Геннадий Иванович Черевченко шуд.

Ба ҳайси ташкилкунандаи асосии мусобиқа писари Геннадий Черевченко – тарбиятгирифтаи мактаби футболи тоҷик, собиқ сармураббии клуби футболи “Локомотив”-и Москва, дар ҳозир сармураббии “Балтика” Калининград Игор Черевченко баромад намуд.

Мусобиқа давоми ду рӯз дар майдони эҳтийтии варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки ҳашт даста доир гардид. Дастаҳо дар гурӯҳ баромад карданд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои “Локомотив”, МҶМОВ, СДЮШОР ва “Солор”, дар гурӯҳи “В” бошад “Авиатор”, ФШШН, КМВА “Помир” ва МВКН (Ҳисор) баромад карданд.

Чун соли қаблӣ дастаҳои МҶМОВ ва “Авиатор” ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозии финалӣ бисёр пуршиддату ҷаззаоб сурат гирифт. Голи ғолибият ва ҳалкунандаро дар охири қисми дуюми вохӯрӣ ҳамлагари МҶМОВ Абубакр Сулаймонов ба нишон расонд. Ба ин тартиб, дастаи Сафар Раҳмонов барои бори аввал Ҷони ёддошти Геннадий Черевченкеро соҳиб шуд.

Дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ бошад, дастаи “Солор” бо ҳисоби калони 7 бар 1 МВКН “Ҳисор”-ро шикаст дод.

Дар маросими батантанаи мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа собиқадорони футбол ва меҳмонони фахрӣ – писари геннадий Иванович Черевченко, сармураббии “Балтика”-и Калининград Игор Чероевченко, мураббии шоистаи Тоҷикистон Шариф назаров, мураббии шоистаи Тоҷикистон Валерий Турсунов, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов, Раиси Федератсияи футборли шаҳри Душанбе Анваршо Мирзоев иштирок намуда ба ҷолибон ва ҷоизадорони мусобиқа тӯҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукотиро супориданд.

Добавить комментарий