Кӯдакони хонаи кӯдакони Шаҳринав ва Бӯстон ба Сочи мераванд – Федерация Футбола Таджикистана

Кӯдакони хонаи кӯдакони Шаҳринав ва Бӯстон ба Сочи мераванд

Дар Душанбе бозиҳои марҳилаи ниҳоии мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти шиори “Оянда аз ту вобаста аст” баргузор шуд. Ин мусобиқа соли шашум аст, ки  аз ҷониби ширкати “МегаФон”  бо иштироки ҳашт дастаи футболи хонаҳои кӯдакони Тоҷикистон ташкил карда мешавад. Дар сабқати имсола байни кӯдакони солҳои таваллудашон 2001-2002 дастаи футболи хонаи кӯдакони Бӯстон ва дар байни кӯдакони солҳои таваллудашон 2003-2004 дастаи футболи хонаи кӯдакони ноҳияи Шаҳринав мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии ширкати “МегаФон” марҳилаи интихобии ин мусобиқа дар минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар бозиҳои финалӣ ва маросими мукофотонии ҷоизадорони мусобиқа бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон ширкат намуда, ғолибонро табрик гуфтанд ва ба онҳо дар минбаъд барору комёбиро таманно карданд.

“Ташаккур ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати “МегаФон” барои ташкил намудани чунин мусобиқа!-мегӯяд капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов. Ҳамчун варзишгар метавонам бигӯям, ки чунин мусобиқаҳо барои кӯдакон, бахусус барои онҳое, ки бепарастор монданд хеле муфид мебошанд. Ман бозии онҳоро бодиққат тамошо кардам ва боварӣ дорам, ки аз миёнашон футболбозони хубе ба воя мерасанд, ки дар оянда метавонад шарафи футболи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз созанд. Ба дастаҳои ғолиб таманнои онро дорам, ки дар мусобиқаи Сочи низ байрақи моро баланд бардоранд .Бо вуҷуди оне ки онҳо барои мо аллакай чемпион ҳастанд ва мо бо онҳо фахр мекунем”.

Аз номи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бошад иштирокчиёни мусобиаро директори иҷроия Денис Никитин табрик намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Ба ҳар яки шумо дар зиндагӣ муваффақ шуданро хоҳонам. Аз нигоҳи аввал ин бисёр мушкил менамояд. Аммо агар кас дар пеши худ мақсад гузошта аз паи иҷрои он шавад, ҳатман ба мақсадаш хоҳад расид. Соли 2011 мисли шумо барин бачаҳои оддӣ аз Хуҷанд дар суперфинали Сочи ғолиб шуда, ба меҳмонии “Арсенал”-и Лондон рафтанд. Ба худ бовар дошта бошед ва албатта ба ҳама чӣ муваффақ мешавед ва на танҳо дар варзиш!”-гуфт, Денис Никитин.

Добавить комментарий