Йозеф Блаттер боз президенти ФИФА интихоб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Йозеф Блаттер боз президенти ФИФА интихоб шуд

Дар Конгресси навбатии ФИФА Йозеф Блаттери 79-солаи швейтсариягӣ, ки сар аз соли 1998 ниҳоди мазкурро роҳбарӣ мекунад, барои бори панҷум президенти ФИФА интихоб шуд.

Рақиби Блаттер дар интихоботи президентӣ шоҳзодаи 39-солаи урдунӣ Алӣ бин Ал-Ҳусайнӣ баъди даври аввали овоздиҳӣ номзадияшро бозпас гирифт. Дар даври аввал ба тарафдории шоҳзодаи Урдун намояндагони 73 ассотсиятсияи узви ФИФА овоз доданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар даври аввал  номзадии Блаттерро намояндагони 133 ассотсиятсия ҷонибдорӣ карданд. Се блютени овоздиҳӣ беэътибор дониста шуд.

Барои дар даври аввал интихоб шудан, бояд номзад ба вазифаи президенти ФИФА шумораи аз се ду ҳиссаи овозҳо, саҳеҳтараш 140 овозро аз 209 ассотсиатсияи узви ФИФА соҳиб мешуд

Баъди ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шудан, Йозеф Блаттер ба иштирокчиёни конгресс барои боварияшон изҳори сипос намуда, баён кард, ки ният дорад “киштиеро, ки номаш ФИФА аст ба маҷрои дуруст баргардонад”.

“Аз шумо сипосгузорам, ки маро барои 4 соли оянда ба сифати президент интихоб намудед. Мо киштиеро, ки ФИФА ном дорад ба маҷрои дуруст бармегардонем ва кӯшиш мекунем, ки онро ба лангаргоҳи бароямон лозим бирасонем”, – гуфт Блаттер.

Блаттер инчунин қайд кард, ки дар дохили Кумитаи иҷроияи ФИФА низ мушкилотҳо ҷой доранд: “Мо бояд болои бозӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳими ФИФА кор кунем. Чор сол қабл ман мушикилоти зиёд доштам ва кӯшиш намудам, ки онро бо шумо дар миён гузорам. Айни ҳол бошад чунин намекунам. Дар мо мушкил дар дохили Кумитаи иҷроия вуҷуд дорад ва моро зарур аст, ки конференсияҳои мухталифро роҳандозӣ кунем. Шумораи аъзоёни конференсия низ дар муайян намудани ҳайати кумитаҳо нақши муҳим дорад. Ба мо бештар занон заруранд ва на танҳо аъзоёни дохилкардашуда”.

Конгресси навбатии ФИФА 12-13 майи соли 2016 дар Мехико доир мешавад, когресси 67-уми ФИФА бошадсоли 2017 дар Куала-Лумпур доир гашта, дар он макони баргузории ҶҶ-2026 интихоб мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар Конгресси 65-уми ФИФА дар Сурихи Швейтсария президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Мирзоев иштирок карданд.

Добавить комментарий