Изҳороти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Изҳороти расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон нисбат ба ҷанҷол ва занозании байни намояндагони муҳоҷирони кории тоҷику узбек, ки дар як мусобиқаи дӯстдорони футбол дар шаҳри Братски Федератсияи Русия ба амал омдаст, изҳороти расмӣ баён мекунад.

Ахбори аз ҷониби баъзе ВАО-и Федератсияи Русия оиди дар шаҳри Братски ин кишвар сар задани ҷанҷол ва занозанӣ дар як мусобиқаи шаҳрӣ байни дастаҳои футболи Тоҷикистону Узбекистон шакли таҳрифшуда ва пурвоҳимаро дорад. Федератсияи футболи Тоҷикистон расман изҳор менамояд, ки ба мусобиқаи мазкур ягон навъи даъватномаро нагирифта, мутаносибан барои иштирок ба ин мусобиқа дастаеро ҳам сафарбар накардааст. Дастаи дар ин мусобиқа байни дӯстдорони футбол иштирок карда ҳам наметавонад худро мунтахаби Тоҷикистон ном барад. Мусобиқаи мазкур байни муҳоҷирони корӣ ташкилу баргузор гардонида шудаст.

Баъзе Васоити ахбори оммаи алоҳидаро, ки  аз ин ҳодисаи бавуқӯъомада дар мусобиқаи дӯстдорони футбол дар Братск истифода карда, мехоҳанд муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Узбекистон ва ҳамчунин равобити судманди дуҷонибаи байни Федератсияҳои футболи ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародаро халалдор созанд, таъкид мекунем, ки ба ин мақсади нопокашон ҳаргиз нахоҳанд расид.

Дар ин замина, аз тамоми ВАО хоҳиш мекунем, ки аз худ ҳангомаҳои нигаронкунанда паҳн накарда, барои оиди ин мавзӯ ба даст овардани хабари саҳеҳ ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Добавить комментарий