“Истиқлол” – ғолиби қисми якуми чемпионати Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – ғолиби қисми якуми чемпионати Тоҷикистон

Чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар даври ҷамъбастии қисми якуми чемпионати Тоҷикистон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 шикаст дод. “Истиқлол” дар ҳамаи нӯҳ бозии қисми аввали чемпионати кишвар ғалаба кардаст. Шогирдони Мубин Эргашев бо 27 имтиёз дар ҷадвали чемпионат пешсафи ягонаанд. Акнун дар чемпионат танаффуси тобистона эълон шуд, ки наздики як моҳ давом мекунад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«ИСТИҚЛОЛ» «ВАХШ» 5:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 43 (1:0). Парвизҷон Умарбоев, 51 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 59 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 74 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 77 (5:0).

 

«ПАРВОЗ» «ХАЙР» 1:2

ГолҳоАлишер Улмасов, 31 (0:1). Алишер Улмасов, 34 (0:2). Маъруф Марифбоев, 54 (1:2).

Аз бозӣ ронда шуданд: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), 57 – барои бо даст зарба задан ба рӯи бозигари ҳариф, Маъруф Марифбоев («Парвоз»), 64 – 2-корти зард, Жаке Нана Сефах («Хайр»), 70 – 2-корти заод.

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 9 0 0 34-2 27
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 6 2 1 16-6 20
3 «Хайр» (Ваҳдат) 9 5 1 3 14-13 16
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 4 4 1 14-7 16
5 «Равшан» (Кӯлоб) 9 4 2 3 17-17 14
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 3 2 4 7-12 11
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 9 3 2 4 10-12 11
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 1 3 5 3-15 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 9 1 2 6 5-16 5
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 9 0 0 9 1-21 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқклол») – 7 гол, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 6 гол, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд») – 5 голӣ.

Добавить комментарий