“Истиқлол” мунтахаби ҷавононро имтиҳон кард – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” мунтахаби ҷавононро имтиҳон кард

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бо чемпиони феълии мамлакат ва чорякфиналисти Ҷоми КФО-2015 “Истиқлол”-и пойтахт бозии санҷишӣ гузаронд.

Бозӣ дар қароргоҳи Академияи футболи клуби “Истиқол”, воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи чемпиони феълии мамлакат анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 5 бозӣ легионери испаниягии “Истиқлол” Мануел Бледа Родригес боз кард. Ниммуҳофизи тими миллии кишвар Нуриддин Давронов аз ҷаримаи ёздаҳметра голи дуюми чемпионҳоро ба самар расонд.

Дар ниммаи аввали қисми дуюми бозӣ Амирҷон Сафаров голи сеюми “Истиқлол”-ро ба самар расонд. Бозигарони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон суст наомада, рақобати сахт нишон доданд ва дар дақиқаи 68 ҳамлагари “Барқи тоҷик”  Ҳиматулло Мулодӯстов голи якуми мунтахаби ҷавононро зад. Дар дақиқаи 84 бошад, Нуриддин Ҳамроқулов ба задани голи дуюми ҷавонон муваффақ шуд, аммо бо вуҷуди кӯшишу талоши зиёди бозигарони ҳар ду даста, ҳисоб то охири вохӯрӣ тағийр наёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали санҷишии ин дастаҳо, ки рӯзи 16 июл дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир шуда буд, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи шогирдони Мубин Эргашев анҷом ёфт.

 

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» – МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН – 3:2

Голҳо: Бледа Родригес, 5 (1:0). Нуриддин Давронов, 11 – аз пеналти (2:0). Амирҷон Сафаров, 59 (3:0). Ҳиматулло Мулодӯстов, 68 (3:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 82 (3:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев (Қурбоналӣ Бобоев, 36, Никола Стошич, 60), Эраҷ Раҷабов, Петро Ковалчук, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46), Сиёвуш Асроров (Хосе Баллестер, 46), Хуршед Маҳмудов (Парвизҷон Умарбоев, 46), Нуриддин Давронов (Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 46), Манучеҷр Ҷалилов (Муҳаммад Лоиқов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 46), Бледа Родригес (Амирҷон Сафаров, 46), Дилшод Восиев (Муҳаммад Назаров, 46).

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): Беҳрӯз Хайриев, Қувватбек Равшанбеков, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан, Отабек Каримов, Муҳаммадҷон Шарипов, Кароматулло Саидов, Азиз Бегов.

Бозигароне, ки дар ивазшави ба майдон баромаданд: Шаҳром Исмоилов, Худойдод Узоқов, Абӯбакр Азимов, Нуриддин Ҳамроқулов, Ҳиматулло Мулодӯстов, Мунир Давлатбеков, Алишер Холмуродов, Суннатулло Холов.

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Эраҷ Раҷабов («Истиқлол»), Ҳиматулло Малодӯстов (мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон).

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

21 июл. Алмоси. Варзишгоҳи Академияи КФ «Истиқлол». 300 тамошобин.

DSC_9626DSC_9642(1)DSC_9615DSC_9557

Добавить комментарий