“Истиқлол” мавқеи пешсафияшро мустаҳкам мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” мавқеи пешсафияшро мустаҳкам мекунад

Даври шашуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 15 май ҷамъбаст шуд. Чемпиони феълии футболи кишвар “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи ин давр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул карда, бо ҳисоби калони 6 бар 3 мағлуб сохт. Баъди ин ғалаба дружинаи Мубин Эргашев мавқеи пешсафияшро дар ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар намуд.

Дар бозӣ бо “Вахш” пешсафи ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”-и Душанбе қариб, ки мушкилиро ҳис накард. Футболбозони дастаи пойтахт дар ҳар қисми бозӣ ба дарвозаи меҳмонони қӯрғонтеппагӣ се голӣ заданд. Ҳар се голи “Вахш” бошад, дар қисми дуюми бозӣ ба дарвозаи “Истиқлол” зада шуд. Ду голи  “Истиқлол”-ро ҳамлагари мунтахаби миллӣ Манучеҳр Ҷалилов ва як голиро Дилшод Восиев, Аҳтам Назаров, Нозим Бобоҷонов ва Фатҳуло Фатҳуллоев ба нишон расонданд. Ғалаба бар “Вахш” викторияи 140-уми “”Истиқлол” аз замони баромадаш дар лигаи олии Тоҷикистон шуд.

Бозии марказии давр байни “Регар-ТадАз” ва “Ҳосилот”, ки дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид, бисёр тамошобобу диданӣ ҷараён гирифта бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфт. Соҳибони майдон дар ин бозӣ ду маротиба (1:0, 2:1) ба пеш баромаданд, амо дастаи ноҳияи Фархор муваффақ шуд, ки ҳар ду бор низ ҳисоби бозиро баробар созад.

“Хайр”-и Ваҳдат дар ин давр дар меҳмонӣ бар витсе-чемпиони феълии Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби калони 5 бар 1 пирӯз шуд. Панҷ голи дружинаи Шариф Назаровро легионерҳои даста аз давлати Гана ба самар расонданд. Агблей Ҷонес ва Мисиам Иносент ду голӣ ва Менсах Даниел Абан як голро ба дарвозаи дастаи соҳили Сирдарё заданд.

Баъд аз шаш давр дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 18 имтиёз аз 18 имтиёзи имконпазир пешсаф мебошад. “Хайр”-и Ваҳдат ва “Ҳосилот”-и Фархор бо 11 имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои дуюму сеюмро ишғол мекунад.

Бозиҳои даври ҳафтуми чемпионат рӯзҳои 21-22 май доир хоҳанд шуд. Рӯзи шанбеи 21 май “Барқчӣ” – “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” – “Парвоз” ва “Вахш” – КМВА “Помир” вомехӯранд. Рӯзи якшанбеи 22 май бошад бозиҳо миёни  ва “Ҳосилот” – “Хуҷанд” баргузор мешаванд. Бешубҳа, бозии марказии ин давр вохӯрӣ байни “Хайр” – “Истиқлол” маҳсуб меёбад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум

«Истиқлол» – «Вахш» – 6:3

Голҳо: Дилшод Восиев, 33 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 35 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 43 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 49 (4:0). Нумонҷон Ҳакимов, 67 – аз пеналти (4:1). Аҳтам Назаров, 71 (5:1). Умедҷон Шарипов, 77 (5:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 80 (6:2). Аҳтам Ҳамроқулов, 90+1 (6:3).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич (Қурбоналӣ Бобоев, 62), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 87), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров (Шериддин Бобоев, 80), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Холмурод Назаров, Фирӯз Ризомов, Азимҷон Раҳмонов, Эҳсон Бобоев, Худойдод Узоков (Фазлиддин Насриддинзода, 70), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарипов, Нумонҷон Ҳакимов (Умарҷон Шарипов, 69), Собир Холматов (Валӣ Зарипов, 61), Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук («Истиқлол»), Худойдод Узоков, Фирӯз Ризомов («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 7,4 хол.

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

15 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобинон.

 

«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 2:2

ГолҳоРомиш Ҷалилов, 36 (1:0). Ҳасан Рустамов, 45+1 (1:1). Комрон Турсунов, 70 – аз пеналти (2:1). Мусо Содиқ, 85 (2:2).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Алишер Шарипов, Фарҳод Холбеков, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Фирӯз Қараев, Комрон Турсунов, Меҳроҷиддин Музаффаров (Азиз Бегов, 73).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Наврӯз Рустамов, Далерҷон Тухтасунов, Далер Шомуродов, Мусо Содиқ, Ҳикматулло Расулов (Орзу Додхудов, 78), Акуффо Гершон, Иброҳим Рабимов (Хайрулло Азизов, 74), Соломон Течи, Абдурасул Раҳмонов (Сафаралӣ Саидалиев, 80).

Огоҳонида шуданд: Меҳроҷиддин Музаффаров, Алишер Шарипов («Регар-ТадАЗ»), Мусо Содиқ, Наврӯз Рустамов, Далерҷон Тухтасунов, Абдурасул Раҳмонов («Ҳосилот»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

15 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 6000 тамошобинон.

 

«Хуҷанд» – «Хайр» – 1:5

ГолҳоЭраҷ Раҷабов, 29 – ба дарвозаи дастаи худ (1:0). Агблей Джонес, 41 (1:1). Менсах Даниэль Абан, 56 (1:2). Мисиам Иносент, 63 (1:3). Мисиам Иносент, 75 (1:4). Агблей Джонес, 90+3 (1:5).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шероз Сангинов (Шероз Абдуллоев, 61), Шоҳрух Раҷаматов (Фирӯз Юсупов, 70), Илҳом Баротов, Саидҷон Шарипов, Руслан Раҳматов, Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 46), Дилшод Бозоров.

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Далер Шарипов, Эраҷ Раҷабов (Фирӯз Шамсиев, 59), Менсах Даниэл Абан, Маҳмадалӣ Содиқов, Самад Шоҳзуҳуров (Яҳё Муборак, 55), Баҳодур Шарифов, Муҳсин Парпиев (Парвиз Ҳомидов, 90+3), Мисиам Иносент, Агблей Джонес.

Огоҳонида шуданд: Далер Шарипов, Самад Шоҳзуҳуров, Баҳодур Шарифов, Муҳсин Парпиев («Хайр»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМисиам Иносент («Хайр»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа) – 7,9 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

15 май. Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқллияти Тоҷикистон». 7000 тамошобинон.

 

«Парвоз» – «Барқчӣ» – 1:2

ГолҳоЭҳсони Панҷшанбе, 41 (0:1). Руслан Таваккалов, 55 (1:1). Отабек Каримов, 83 (1:2).

Пеналтии амалинашуда: Абдураҳмон Қурбонов («Парвоз»), 71 – дарвозабон.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳиб Эргашев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Асатулло Нуруллоев, Далер Бердиқулов, Абдумалик Юсупов, Диловар Бойкузиев (Рустам Домлоҷонов, 84), Руслан Таваккалов, Масъуд Раҳимов (Азиз Шамсиев, 46), Абдураҳмон Қурбонов, Аваз Норкузиев (Бахтовар Норкузиев, 72), Меҳрулло Бобоев.

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Зиёвуддин Фузайлов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Амирҷон Сафаров, 68), Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Суннатулло Холов (Отабек Каримов, 59), Хуршед Маҳмудов, Комил Саидов (Нуриддин Ҳамроқулов, 80).

Огоҳонида шуданд: Аваз Норкузиев, Абдумалик Юсупов, Абдураҳмон Қурбонов («Парвоз»), Комил Саидов, Табрези Давлатмир, Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Руслан Таваккалов («Парвоз»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

14 май. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 1000 тамошобинон.

 

КМВА «Помир» – «Равшан» – 3:1

Голҳо: Андох Наполеон, 4 (1:0). Комрони Мирзохон, 18 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1). Парвиз Кашкаров, 21 (2:1). Шодибек Ғаффоров, 36 (3:1).

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Сефах Жаке Нана, Фурӯғ Қодиров, Акмал Сабуров (Рустам Толибов, 70), Комрони Мирзонаҷот, Шамсиддин Қосимов (Шарафҷон Солеҳов, 85), Парвиз Кашкаров, Комрони Мирзохон (Фирдавс Чақалов, 25), Шодибек Ғаффоров, Андох Наполеон.

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Саидхони Амрохон, Хисрав Носиров (Бахтиёр Комилов, 46), Абдураҳмон Нозимов, Сайдамири Сайдаҳмад, Фаридун Рустамов, Комрони Саидзод (Зокир Абдулхайров, 46), Хуршед Каримов (Аваз Қамчинов, 55), Тоҳири Баҳром, Далер Чолов, Абубакр Азимов.

Огоҳонида шуданд: Фаррух Фузайлов, Шамсиддин Қосимов (КМВА «Помир»), Тоҳири Баҳром, Саидхони Амрохон, Далер Чолов, Аваз Қамчинов («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Андох Наполеон (КМВА «Помир»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

14 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 3000 тамошобинон.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 6 6 0 0 26-9 18
2 «Хайр» (Ваҳдат) 6 3 2 1 12-4 11
3 «Ҳосилот» (Фархор) 6 3 2 1 10-7 11
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 3 1 2 10-7 10
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 6 3 1 2 6-4 10
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 3 0 3 5-11 9
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 2 1 3 10-12 7
8 «Барқчӣ» (Душанбе) 6 2 1 3 8-10 7
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 1 0 5 4-11 3
10 «Равшан» (Кӯлоб) 6 0 0 6 3-20 0

НишонзанҳоМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 6 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 4 голӣ, Эхсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Дилшод Восиев («Истиқлол»), Мисиам Иносент («Хайр»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 3 голӣ.

 

Дар даври 7-ум вомехӯранд:

21 май (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

«Равшан» – «Парвоз»

«Вахш» – КМВА «Помир»

22 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Хайр» – «Истиқлол»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

Добавить комментарий