«Истиқлол» ҷиҳати ширкат дар бозии Ҷоми КФО-2017 бо «Дордой» ба Бишкек сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ҷиҳати ширкат дар бозии Ҷоми КФО-2017 бо «Дордой» ба Бишкек сафар кард

Имрӯз, 14 май, чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар бозии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 бо “Дордой” ба Бишкеки Қирғизистон сафар кард. Бозӣ рӯзи чоршанбеи 17 май баргузор хоҳад шуд. Дар Бишкек ҳайати намояндагии чемпиони мо  дар меҳонсарои «Discovery» ҷойгир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар гурӯҳи “D” байни “Дордой” ва “Истиқлол” рӯзи чоршанбеи 17 май дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков дар Бишкек доир мешавад. Оғози бозӣ соати 18.00 ба вақти Душанбе. 

 

Ҳайати “Истиқлол” дар бозии Ҷоми КФО-2017 бо «Дордой»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев;

Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Фарҳод Восиев, Дэвид Мавутор, Артем Барановский,  Соҳиб Саванкулов, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир;

Ниммуҳофизон: Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Фаридун Шарипов, Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Ромиш Ҷалилов;

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дмитрий Барков.

Ҳайти роҳбарикунанда: Шаҳзод Сулаймонов – менеҷер, Муҳсин Мухаммадиев – сармураббӣ, Алишер Тухтаев – мураббӣ, Александр Вохминтсев – духтур, Эркин Додоҷонов – физиотерапевт, Одил Иргашев – маъмур, Рустам Ҳакимов – сардори дафтари матбуотӣ.

Добавить комментарий