“Истиқлол” – “Хуҷанд”: нишасти хабарии баъд аз бозӣ барои Суперҷом – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” – “Хуҷанд”: нишасти хабарии баъд аз бозӣ барои Суперҷом

Баъд аз анҷоми бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” (3:2) нишасти хабарӣ доир гардид. Дар он ба суолҳои рӯзноманигорон мураббии калони “Истиқлол” Аслиддин Ҳабибуллоев ва сармураббии “Хуҷанд” Нумонҷон Юсупов посух доданд.

 

Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калони “Истиқлол”:

– Бозӣ хеле шавқовару ҷолиб доир шуд. Мутаассифона, ба иллати вазъи ногувори майдони бозӣ футболбозони мо натавонистанд ҳамаи дастурҳои моро ҳам аз ҷиҳати тактикӣ ва ҳам аз лиҳози техникӣ комилан ба ҷо оранд. Вале бо вуҷуди ин, бозӣ хубу шавқангез гузашт. Ман наметавонам, ки аз бозии даста қаноатманд набошам, муҳим он ки мо ғолиб шудем ва соҳиби Суперҷом гардидем. Имсол бори панҷум аст, ки “Истиқлол” бо “Хуҷанд” рӯбарӯ мешавад. Чор бозии аввал, ки дӯстона ва дар доираи сабқати Ҷоми ФФТ доир шуданд, мусовӣ анҷом ёфтанд. Дар бозии панҷум бошад, мо имкон пайдо карем, ки дастболо шавем. Ба дастаи “Хуҷанд” ҳам барои бозии хубашон изҳори сипосгузорӣ баён мекунам. Ин ғалабаро бошад, мо ба сармураббии дастаамон Мубин Эргашев бахшидем, ки то ҳоло дар бемористон аст ва умедворем ин пирӯзӣ ӯро хушҳол ва вазъи саломатиашро хубтар мекунад. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи бозигарон, ситоди мураббиён, ҳайати хизматрасон ва роҳбарони дастаро ба ин ғалаба табрик мекунам.

 

Нумонҷон Юсуфов, сармураббии “Хуҷанд”:

– Пеш аз ҳама “Истиқлол”-ро бо ғалабааш табрик мекунам. Бозӣ бисёр шавқовар ва ҷолиб доир шуд.  Баъди Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мо тағйиротҳои чашмрас ба амал омаданд. Акнун, дар чемпионат мо бо ҳайати нав, танҳо бо бачаҳои маҳаллӣ бозӣ мекунем. Ин ҳайатро ҳамагӣ як ҳафта пеш аз ин бозӣ ҷамъ сохтем. Новобаста ба ин даста бозии хуб нишон дод ва ман аз бозии бачаҳо қаноатмандам. Ба мухлисон низ барои дастгирияшон изҳори сипосгузорӣ менамоям. Дар бораи голи сеюм бошад, ҳаминро гуфтаним, ки мо тасмими сардоврро наметавонем, ки дигар кунем. Фақат ҳаминро метавонам бигӯям, ки ҳам аз рӯи ҳайат ва ҳам аз лиҳози бозӣ “Истиқлол” имрӯз нисбат ба мо пурқувваттар буд.

Добавить комментарий