Дар меҳмонхонаи “Ҳаят Риҷенси Душанбе” дар арафаи бозии дӯстонаи байни “Истиқлол”-и Душанбе (Тоҷикистон) ва “Газовик”-и Оренбург (Русия) нишасти хабарӣ доир шуд. Дар он сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев, капитани дастаи пойтахт Дилшод Восиев, сармураббии “Газовик” Роберт Евдокимов ва муҳофизатгари дастаи меҳмон Фарҳод Восиев ширкат карда, ба пурсишҳои хабарнигорон посух гуфтанд.
Роберт ЕВДОКИМОВ, сармурабии “Газовик”:
– Бозӣ бо “Истиқлол” барои мо аҳамияти муҳим дорад. Мо нақшаҳои омодагии худро ба мавсими нав он гуна мураттаб гардонидем, ки дар ин ҷо бозӣ кунем. Авваан, ин бозӣ барои мо ҳамчун воситаи шиносоӣ бо кишвар ва бо клуби шумо, баъдан ҳамчун марҳилаи омодагӣ ба мавсими нави футбол маҳсуб меёбад. То оғзи чемпионати лигаи якуми Русия барои мо вақти зиёде намондааст ва пагоҳ мо бо тамоми қувваамон бозӣ мекунем. Мехоҳем бозии хуб нишон диҳем ва муҳимтар аз ҳама мо бо мақсади ғолиб шудан ба ин ҷо омадем.
– Шумо ба Душанбе ҳайати асосии дастаро овардед?
– Бале, боз ду нафар бозигарони наврао, ки дар клуби мо дар азаназаргузарӣ қарор доранд. Бачаҳои мо даҳ рӯз рухсатӣ доштанд. Баъд давоми як ҳафта мо ҷамъомади таълимию тамринӣ гузаронидем ва ба бозӣ муқобили “Истиқлол” омодаем. Аз ҳама муҳимаш он ки мо Фарҳод Восиевро дорем (механдад).
– Қаблан “Газовик” бо дастаҳои футболи Осиёи Марказӣ рубарӯ шудаст?
– Бале, дар ҷамъомади таълимӣ дар Туркия мо бо “Пахтакор”-и Тошканд бозӣ кардаем. Бо бо дастаҳои футболи Қазоқистон ҳам вохӯрдаем. Бо дастаи футболи тоҷик бори аввал бозӣ мекунем.
– Роберт Геннадевич, ба Душанбе ташриф овардани шуморо хайра мақдам мегӯем! Мо шуморо ба муносибати дар мавсими соли гузашта беҳтарин мураббии Лигаи миллии футболи Русия шуданатон муборакбод мекунем. Марҳамат мегуфтед, ки ҳамватани мо Фарҳод Восиев дар дастаи шумо чӣ нақшеро бозӣ мекунад?
– Барои табрикатон ташаккури зиёд! Фарҳод дар дастаи мо нақши муҳимро бозӣ мекунад. Ӯ бозигари ҳайати асосӣ мебошад ва бо бозии худ ба даста манфиати зиёд меорад. Дар чанд даври охир Фарҳод якчанд партофтҳои хуби голиро анҷом дод. Фарҳод таҷрибаи бозӣ дар премер-лигаи Русияро дорад ва дар он ҷо бозӣ карда метавонад, аммо аввал бояд ба премер-лига баромад. Ман умед мебандам, ки якҷоя бо “Газовик” мо ба Премер-лигаи Руся мебароем. Щаминро бояд г=ям, ки дар бозищои даста манн худам капитанро таъин мекунам ва пагощ дар бозь бо “Истиқлол” Варҳод Восиев капитани мо хоҳад шуд.
– Таассуроти аввалини шумо аз пойтахти мо чӣ гунаанд?
– Агар аз рӯи оне, ки моро чӣ гуна пешвоз гирифтанд, боз хоҳиши ба ин ҷо борҳо омадан пайдо мешавад. Аз ҷониби дигар мо айни замон аз ҳеҷ ҷо дидан накардем ва рост аз фурудгоҳ ба меҳмонхона омадем. Боварӣ дорам, ки боз ба ин ҷойҳо меоем. Бо Мубин Эргашев мо дар курси мураббигарии муҷаввизи “А”-и Мактаби олии мураббиён дар Москва тащсил кардаем. Мо он қадар хуб якдигарро намедонем, аммо дар давоми ин рӯзҳо имконият мешавад, ки аз наздик ошно шаввем.
Фарҳод ВОСИЕВ, муҳофизатгари “Газовик”:
– Мехоҳам ба президенти “Истиқлол” Шоҳрух Саидов барои ин бозиро ташкил карданашон изҳори сипос намоям. Хеле хуб аст, ки чунин инсонҳое ҳастанд, ки барои баланд бардоштани дараҷаи футболи тоҷик заҳмат мекашанд. Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ даъват мекунам ва боварӣ дорам, ки нафарони зиёде ба тамошои бозӣ меоянд. Ба муқобили бародар бозӣ кардан бисёр шавқовару мароқангез аст. Пагоҳ медонам, ки ба пойҳои кӣ мезанам (механдад).
Мубин ЭРГАШЕВ, сармураббии “Истиқлол”:
– Мехоҳам ташрифи меҳмононро дар диёри тоҷикион хайра мақдам бигӯям. Хоҳишманди онам, ки ҳамкории клубҳои мо идома биёбад.
– Бозии дар пеш истода барои дастаи шумо чӣ муҳимият дорад?
– Ҳар як бозии сатҳи байналмилалӣ ин таҷриба аст. “Газовик” яке аз беҳтарин дастаҳои лигаи якуми Русия аст. Ин клубест, ки дар нимфинали Русия қариб бар “Локомотив”-и машҳур ғолиб шуда буд. Фикр мекунам, ки чунин бозиҳо барои мо лозиманд.
“Газовик” акнун омодагиро ба мавсим оғоз мекунад, мо бошем ба марраи қисми якуми чемпионати миллӣ наздик мешавем. Бачаҳои мо агар бозиҳои тими миллиро низ ҳисоб кунем, аллакай имсол қариб, ки 40 вохӯрӣ гузарониданд. Мумккин бозигарони мо то андозае монда шуда бошанд, аммо рақибонамон дар бозии пагоҳӣ нав ба кор шурӯ карданд
– Соли гузашта дар бозии дӯстона миёни “Истиқлол” ва “Шалке-04”-и Олмон баъди мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии бозӣ зарбаҳои пеналтӣ ғолибро муайян намуд. Агар пагоҳ ҳам вақти асосӣ мусовӣ анҷом ёбад, зарбаҳои пеналтӣ зада мешаванд?
– Мо ин мавзӯро айни замон машварат накардем.
– Шумо имконияти дастаро дар чорякфинали Ҷоми КФО бо “Паҳанг”–и Малайзия чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
– Дар чорякфинал дастаҳои заиф нестанд. Шояд назар ба дигар дастаҳо “Паҳанг” андаке сустӣ дошта бошад, аммо ман ҳаргиз намегӯям, ки дар қуръакашӣ кори мо омад кард.
Дилшод ВОСИЕВ, ҳамлагари «Истиқлол»:
– Ман интизорӣ дорам, ки пагоҳ бисёр бозии шавқовар мешавад. “Газовик” дастаи пурқувват аст ва соли дуюм аст, ки аз дастаҳои пешсафи лигаи якуми Русия мебошад. Мо низ мисли “Газовик” танҳо бо мақсади ғолиб шудан бозӣ мекунем, аммо кӣ ғолб мегардад, пагоҳ маълум хоҳад шуд.