«Истиқлол» дар марҳилаи муқаддимотии Лигаи чемпионҳои Осиё-2019 – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» дар марҳилаи муқаддимотии Лигаи чемпионҳои Осиё-2019

Чемпиони феълии Тоҷикистон, клуби футболи “Истиқлол” дар мавсими нав барои бори аввал дар маъруфтарин мусобиқаи бошгоҳии осиёӣ – Лигаи чемпионҳо иштирок мекунад. Барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа чемпиони Тоҷикистонро зарур аст, ки дар марҳилаи муқаддамотӣ аввал бар клуби АГМК аз Узбекистон ва баъдан дар марҳилаи плей-офф бар клуби “Ал-Наср” аз Арабистони Саудӣ ғолиб барояд.

Конфедератсияи футболи Осиё Федератсияҳои миллиро оиди тартиби баргузории марҳилаи муқаддимотии мусобиқа бохабар сохт.

Чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи якуми муқаддимотӣ бояд бо дастаи футболи “Ал-Муҳаррақ”-и Баҳрайн рақобат мекард. Аммо бо сабаби аз талаботҳои литсензиядиҳӣ нагузаштани клуби футболи баҳрайнӣ, чемпиони мо баромадашро аз марҳилаи дуюми муқаддимотӣ шуру мекунад. Дар ин марҳилаи мусобиқа рақиби “Истиқлол” барандаи Ҷоми Узбекистон, клуби футболи АГМК мебошад. Бозӣ рӯзи 12 феврал дар шаҳри Олмалиқи Узбекистон доир мешавад.

Дар сурати ба комёбӣ расидан дар ин бозӣ, чемпиони мо дар марҳилаи плей-оффи мусобиқа барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 19 феврал, дар сафар бо клуби футболи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ қувва меозмояд.

Дар сурати ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2019 роҳ ёфтани “Истиқлол”, клуби футболи “Регар-ТадАЗ”, ки имсол дар Лигаи олии Тоҷикистон мақоми чорумро касб кард, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 роҳ меёбад. Зеро дастаи футболи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҷои сеюмро дар Лигаи олии имсола ишғол карда аст, тартиби литсензиядиҳии бошгоҳии Конфедератсияи футболи Осиёро нагузашта аст.

 

Лигаи чемпионҳои КФО-2019

Марҳилаи дуюми муқаддимотӣ

12 феврал (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Плей-офф

19 феврал (сешанбек)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти АГМК (Узбекистон)/«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Добавить комментарий