«Истиқлол» боз мусовӣ бозӣ кард. Ин бор бо «Алмалик» – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» боз мусовӣ бозӣ кард. Ин бор бо «Алмалик»

Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки баромади худро дар Ҷоми КФО-2016, санаи 23 феврал аз бозӣ муқобили «Ал-Файсал»-и Урдун оғоз мекунад, дар доираи ҷамъомади омӯзишӣ-машқии якуми зимистонӣ бозии навбатии санҷишӣ гузаронд. Ҳарифи «Истиқлол» дар ин бозӣ дастаи премер-лигаи Узбекистони ҳамсояи мо «Алмалик» шуд.

Бозӣ рӯзи 19 январ дар майдони футболи Академияи «Бунёдкор» дар Тошканд баргузор шуда, бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 18-ум легионери украинии «Истиқлол» Александр Каблаш, ки айни ҳол дар даста марҳилаи азназаргузариро сипарӣ мекунад,  боз кард. Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми бозӣ Ислом Исоқҷонов ҳисобро баробар сохт.

Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ, дар ҳайати «Истиқлол» ҳангоми ивазшавӣ собиқ муҳофизатгари «Жетису» Давронҷон Эргашев ва экс-ниммуҳофизи «Нефтчӣ» Акмал Холматов ба майдон баромаданд.

Рӯзи ҷумъаи 22 январ чемпиони феълии мамлакат бозии навбатии санҷишии худро доир менамояд. Ин бор чемпиони мо бо «Нефтчӣ»-и Фарғона рӯбарӯ мешавад. «Нефтчӣ» дар премер-лигаи Узбекистон-2015 мақоми панҷумро ишғол карда буд.

 

Бозии санҷишӣ

«Алмалик» (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 1:1

Голҳо: Александр Каблаш, 18 (0:1). Ислом Исоқҷонов, 55 (1:1).

«Алмалик» (Узбекистон): Умид Хонимкулов, Раҳмат Бердимурадов, Абдуқаҳор Ҳоҷиакбаров, Евгений Гогол, Достон Абдураҳмонов, Ислом Иномов, Дониёр Исмоилов, Арслан Аманов, Дарко Станоевич, Рузим Ахмедов, Диёр Турапов.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Александр Каблаш, Манучеҳр Ҷалилов.

Аз бозӣ хориҷ шуд: Петро Ковалчук («Истиқлол»), 45+1.

Сардовар: Виктор Серазитдинов (Ташкент).

19 январ. Ташкент. Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор». 72 тамошобинон.

Добавить комментарий