“Истиқлол” бо 16 бозигар ба Малайзия сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” бо 16 бозигар ба Малайзия сафар кард

Субҳи барвақти имрӯз чемпиони секаратаи Тоҷикистон  “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО бо “Паҳанг” ба Малайзия сафар кард. Ситоди мураббиёни бошгоҳи футболи пойтахт дар ин сафар бо худ 16 бозигарро ҳамроҳ гирифтаст.

Ба иттилои торнамои расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол”, то Куантани Малайзия ҳайати намояндагии чемпиони моро роҳи дурударозе дар пеш аст, ки бештар аз як шабонарӯз тӯл хоҳад кашид. Ҳайати намояндагии “Истиқлол” аз Душанбе ба Дубай, аз Дубай ба Куала-Лумпур ва баъд аз онҷо ба Куантан парвоз мекунад.

Сармураббии “Истиқлол” Мубин Эргашев дар бозии ҷавобӣ бо “Паҳанг” 16 нафар бозигаронро бо худ ҳамроҳ гирифтаст, ки аз онҳо ду нафарашон дарвозабон, 6 нафарашон муҳофизатгар, 6 нафарашон ниммуҳофизатгар ва ду нафарашон ҳамлагар мебошанд.

Ёдовар месозем, ки дар бозии аввали марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО, ки рӯзи 26 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, чемпиони мо бар “Паҳанг” бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 пирӯз гардид. Бозии ҷавобӣ дар Куантани Малайзия рӯзи 16 сентябр, соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 17:45 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.

 

Ҳайати «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;

Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир  Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов;

Ниммуҳофизон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов,  Дилшод Восиев;

Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

Ҳайати роҳбарикунанда: Шаҳзод Сулаймонов – менеҷери бошгоҳ, Мубин Эргашев – сармураббӣ, Аслиддин Ҳабибуллоев – мураббии калон, Фаррух Авезов – духтур, Эркин Дадоҷонов – физиотерапевт, Одил Иргашев – маъмур, Рустам Хакимов – роҳбари дафтари матбуотӣ.

Добавить комментарий