«Истиқлол», «Барқчӣ» ва «Ваҳдат» ба бозиҳои чорякфиналии Ҷоми миллӣ баромаданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол», «Барқчӣ» ва «Ваҳдат» ба бозиҳои чорякфиналии Ҷоми миллӣ баромаданд

«Истиқлол» ва «Барқчӣ»-и Душанбе, инчунин «Ваҳдат»-и Ваҳдат соҳиби роҳхат ба бозиҳи чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2016 шуданд. Ин ахбор аз рӯи натоиҷи вохӯриҳои ҷавобии марҳилаи 1/8 финалии мусобиқа, ки рӯзи шанбеи 30 июл баргузор шуданд, маълум гашт.

Барандаи феълии Ҷоми миллӣ «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ҷавобӣ бар «Панҷшер»-и Балхӣ бо ҳисоби калони 7 бар 0 пирӯз шуд. Чор голи ғолибонро дар ин бозӣ Дилшод Восиев ба самар расонд.

«Барқчӣ»-и Душанбе бозии ҷавобиро муқобили «Канд»-и Конибодом дар варзишгоҳи «Бонки миллӣ» дар гулистон гузаронд. Бозӣ бо ҳисоби 7 бар 1 ба фоидаи футболбозони душанбегӣ анҷом ёфт.

Дар бозии дигар «Ваҳдат»-и Ваҳдат, ки дар ин мусобиқа лигаи якуми Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо гардид. Бозии якум, ки як ҳафта пеш дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда буд, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфта буд. Ба ин тартиб, «Ваҳдат» бо ҳисоби 3 бар 1 аз рӯи натиҷаи ду бозӣ ғолиб шуда, ба бозиҳои чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми миллӣ дастаи шаҳри «Ваҳдат» бо ғолиби ҷуфти «Вахш» – «Равшан» вомехӯрад.

Панҷ дастаи дигари марҳилаи чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2016 пагоҳ, 31-уми июл  дар бозиҳо байни дастаҳои «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб), «Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе), КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ) ва «Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор) маълум хоҳад шуд.

 

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 2:0

Голҳо: Хушбахт Қараев, 41 (1:0). Ҳусейн Ривоҷов, 74 (2:0).

«Ваҳдат» (Ваҳдат): Баҳодур Тошзода, Довуд Ашуров, Абдуҳаким Саидзода, Фирдавс Раҳимов, Беҳрӯз Сафаров, Маҳмадалӣ Маҳмадраҳимов, Фирӯз Абдураҳмонов, Хушбахт Қараев, Бахтиёр Ҳалимзода (Хуршед Назаров, 79), Ҳусейнҷон Ривоҷов, Хурсанд Зарипов (Бахтиёр Ҳақназаров, 60).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Абдурашид Мирхолиқов, Хуршед Воҳидов, Рустам Домуллоҷонов, Азиз Мирзоев, Азиз Шамсиев, Шероз Рустамзода (Фирдавс Акрамов, 61), Алишер Ҳайдаров, Шоҳрух Тошматов, Комилҷон Комилов, Бахтовар Зокиров.

Огоҳонида шуданд: Фирӯз Абдураҳмонов («Ваҳдат»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Хушбахт Қараев («Ваҳдат»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтепа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

30 июл. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 500 тамошобин.

Бозии якум – 1:2.

 

«Барқчӣ» (Душанбе) – «Канд» (Конибодом) – 7:1

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 34 (1:0). Муҳаммадҷони Ҳасан, 50 (2:0). Амирҷон Сафаров, 57 (3:0). Азиз Ҳамробоев, 71 – аз пеналти (3:1). Амирҷон Сафаров, 73 (4:1). Кароматулло Саидов, 74 (5:1). Нумон Зокиров, 77 (6:1). Амирҷон Сафаров, 80 (7:1).

«Барқчӣ» (Душанбе): Шаҳром Исмоилов, Ҳокимҷон Ҳасанов, Зоир Ҷӯрабоев, Отабек Каримов, Муҳаммадҷони Ҳасан (Мунир Давлатбеков, 60), Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Шарипов, Нумон Зокиров, Нуриддин Ҳамроқулов (Фирӯз Бегов, 15), Алишери Ҳотам, Амирҷон Сафаров.

«Канд» (Конибодом): Шарифҷон Мирҷалолов, Илҳом Иброҳимов, Диловар Шарипов, Аъзам Дусматов, Азиз Ҳамробоев, Ҳамдам Пулотов, Азим Баҳронов, Мадамин Эгамбердиев, Шоҳҷаҳон Турсунов, Амин Ҳамробоев, Шӯҳрат Иброҳимов.

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров, Мунир Давлатбеков («Барқчӣ»), Аъзам Дусматов, Илҳом Иброҳимов («Канд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8,5 хол.

Нозири бозӣ: Шӯҳрат Шамсиев (Истаравшан).

30 июл. Гулистон. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ». 100 тамошобин.

Бозии якум – 2:0.

 

«Панҷшер» (Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:7

Голҳо: Фаридун Шарипов, 6 (0:1). Дилшод Восиев, 32 (0:2). Дилшод Восиев, 38 (0:3). Дилшод Восиев, 63 (0:4). Фатҳулло Фатҳуллоев, 72 (0:5). Дилшод Восиев, 75 (0:6). Ҷаҳонгир Алиев, 79 (0:7).

«Панҷшер» (Балхӣ): Бахтиёр Неъматов, Равшан Азизов, Анвар Ҳамроқулов, Хуршед Умуров, Абдулатиф Тоҷимуҳаммадов (Икромҷон Носиров, 83), Ҳасан Холов, Шавкат Худойназаров (Фирӯз Одинаев, 40), Алишер Салимов, Сорбон Авғонов (Хайриддин Сироҷов, 80), Қурбонбой Шералиев (Фирӯз Одинаев, 72), Абдухалил Боронов.

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Нозим Бобоҷонов (Ҷаҳонгир Алиев, 70), Нуриддин Давронов (Сӯҳроб Ҷалилов, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев, Фаридун Шарипов, Амирбек Ҷӯрабоев.

Огоҳонида шуданд: Абдулатиф Тоҷимуҳаммадов, Равшанҷон Азизов («Панҷшер»), Нозим Бобоҷонов, Сӯҳроб Ҷалилов, Дэвид Мавутор («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

30 июл. Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 5000 тамошобин.

Бозии якум – 0:7.

 

31 июл (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб)

Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

Бозии якум – 0:2.

 

«Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе)

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

Бозии якум – 1:0.

 

КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозии якум – 0:0.

 

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Бозии якум – 2:0.

 

Оғози бозӣ соати 18:00

«Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор)

Фархор, варзишгоҳи марказӣ

Бозии якум – 0:5.

Добавить комментарий