“Истиқлол” баъди ғалаба бар “Хайр” ба нимфинали Ҷоми миллӣ роҳ ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” баъди ғалаба бар “Хайр” ба нимфинали Ҷоми миллӣ роҳ ёфт

Дар бозии чорякфиналии Ҷоми миллӣ, ки рӯзи якшанбеи 11-уми сентябр, дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе доир гардид, «Истиқлол»-и Душанбе бар «Хайр»-и Ваҳат бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуд. Ин бозӣ, ки бояд дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳат доир мешуд, бо ризоияти ҳарду ҷониб дар варзишгоҳи «Авиатор» баргузор гардид. Ба ҳайси соҳибони майдон дастаи шаҳри Ваҳдат баромад намуд.  Ду голи «Истиқлол»-ро Манучеҳр Ҷалилов ва як голро Фаридун Шарипов ба самар расонданд. Акнун, дар бозии марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 «Истиқлол» бо о «Равшан»-и Кӯлоб вомехӯрад.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2016. Бозиҳои ҷавобии марҳилаи чорякфиналӣ

«Хайр» – «Истиқлол» – 0:3

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 39 (0:1). Фаридун Шарипов, 83 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 90+3 (0:3).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан, Парвиз Ҳомидов, Далер Имомназаров, Одил Бобоназаров, Далер Шарипов, Фирӯз Шамсиев, Дилобшо Тугоншоев, Воҳид Соҳибназаров (Умедҷон Азизов, 69), Муҳсин Парпиев.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Амирбек Ҷӯрабоев, Петро Ковалчук, Сиёвуш Асроров, Табрези Давлатмир (Шериддин Бобоев, 87), Нозим Бобоҷонов (Ҷаҳонгир Алиев, 61), Фаридун Шарипов, Дэвид Мавутор (Сӯҳроб Ҷалилов, 88), Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Оятулло Сафаров, 90), Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Ҷалилов, Дэвид Мавутор («Истиқлол»), Дилобшо Тугоншоев, Парвиз Ҳомидов, Муҳсин Парпиев («Хайр»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сиёвуш Асроров («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 7,8 хол.

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

11 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 700 тамошобин.

Бозии аввал – 1:1.

 

«Барқчӣ» – «Ҳосилот» – 2:2

Голҳо: Иброҳим Рабимов, 2 (0:1). Азиз Бегов, 46 (1:1). Кароматулло Саидов, 53 (2:1). Соҳиб Саванкулов, 66 – ба дарвозаи дастаи худ (2:2).

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Зиёвуддин Фузайлов (Мунир Давлатбеков, 46), Алишери Ҳотам, Зоир Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванкулов, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Ҳокимҷон Ҳасанов (Отабек Каримов, 88), Муҳаммадҷон Шарипов, Амирҷон Сафаров (Нумон Зокиров, 46), Нуриддин Ҳамроқулов (Азиз Бегов, 46).

«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев, Ойбек Абдуғаффоров, Содиқ Мусо, Эраҷ Раҷабов, Иброҳим Рабимов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Ҳикматулло Расулов, Сафаралӣ Каримов, Наврӯз Рустамов (Ҷамшед Умаров, 84), Комил Саидов (Нурулло Маҳмудов, 33, Саидалии Сафаралӣ, 75).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»), Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мусо («Ҳосилот»).

Аз майдон хориҷ шуд: Иброҳим Рабимов («Ҳосилот»), 67 – барои таҳқири ёвари сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Кароматулло Саидов («Барқчӣ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 7,3 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

10 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 1000 тамошобин.

Бозии якум – 2:4.

 

«Равшан» – «Ваҳдат» – 2:0

Голҳо: Аквел Канкам, 43 (1:0). Ширин Наимов, 77 (2:0).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Музаффар Назаров, Фаридун Рустамов, Зарифҷон Рустамов, Далер Шомуродов, Ҳиматулло Малодустов (Ширин Наимов, 77), Зокир Абдулхайров, Сайдамири Сайдаҳмад (Далер Чолов, 53), Аквел Канкам, Гариба Джозеф Долами (Комрони Саидзод, 68), Гание Ишмаел (Аваз Қамчинов, 80).  

«Ваҳдат» (Ваҳдат): Мустафо Холназаров, Фирӯз Абдураҳмонов, Абдуҳаким Саидзода, Хуршед Назаров, Маҳмадалӣ Маҳмадраҳимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Бахтиёр Ҳалимзода, Муртазо Муродов (Хурсанд Зарипов, 51), Аҳмади Салоҳиддин (Насимҷон Довуд, 73), Илҳом Ортиқов, Абдуллои Исломиддин (Хушбахт Қараев, 66).

Огоҳонида шуданд: Аквел Канкам, Далер Шомуродов («Ҳосилот»), Бахтиёр Ҳалимзода («Вахдат»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ширин Наимов («Равшан»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

10 сентябр. Восе. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Бозии аввал – 0:0.

Добавить комментарий