«Истиқлол» ба Ислом Икромов кӯмаки молиявӣ расонид – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ба Ислом Икромов кӯмаки молиявӣ расонид

Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба бозигари собиқи дастаи “Энергетик” Ислом Икромов, ки чандин сол боз гирифтори бемории фалаҷ буда, бемори бистарӣ аст, барои табобат кӯмаки молиявӣ расонид.

Имрӯз аз ҷониби клуби футболи пойтахт ба Ислом ёрии молиявӣ расонида шуд. Ёрии молиявиро дар ҳаҷми 5000 доллари ИМА аз номи президенти клуб Шоҳрух Саидов ба Ислом бозигарони даста Нуриддин Давронов, Петро Ковалчук ва Бледа Родригес расониданд.

Ислом миннатдории самимонаи худро ба роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” баён карда, изҳор намуд, ки ин маблағ ба ӯ имкон медиҳад, ки дар осоишгоҳи ба номи Бурденкои шаҳри Сочӣ табобат бигирад.

DSC_4523

Добавить комментарий