«Истиқлол» ба хайрият ба Лубнон расид – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ба хайрият ба Лубнон расид

Ниммаи дуюми рӯзи якшанбеи 6 март, чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО бо дастаи футболи “Триполи” ба хайрият ба Лубнон расид.  Ҳайати намояндагии чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон ба Лубнон бо хатсайри ҳавоии транзити ба воситаи Дубай сафар кард. Айни замон “Истиқлол” дар меҳмонсарои «Quality inn» қарор дорад ва давоми будубоши худ дар лубнон дар ҳамин меҳмонхона истиқомат хоҳад кард.

Имрӯз бегоҳӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ дружинаи Мубин Эргаҳев дар Триполи тамрини аввалинашро гузаронд. Ҳаминро қайд мекунем, ки “Истиқлол” ба бози муқобили “Триполи” бо 16 нафар бозигарон сафар кардаст. Ду нафар бозигарони ҳайати асосии “Истиқлол” – муҳофизатгари марказ Давронҷон Эргашев ва ниммуҳофиз Парвизҷон Умарбоев дар ин бозӣ иштирок намекунанд.

Ёдрас мешавем, ки бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО дар квартети “В” байни “Триполи” (Лубнон) ва “Истиқлол” (Душанбе) рӯзи 8 март дар варзишгоҳи Триполи баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе). Ин бозӣ тавассути шабакаи навтаъсиси ТВ “Варзиш” мустақиман намоиш дода мешавад.

 

Ҳайати «Истиқлол» дар бозӣ муқобили «Триполи»:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев;

Муҳофизон: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ;

Ниммуҳофизон: Нуриддин Давронов, Акмал Холматов, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев;

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.

Добавить комментарий