«Истиқлол» ба чемпионии навбатӣ наздик мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ба чемпионии навбатӣ наздик мешавад

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври понздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, чемпиони секаратаи мамлакат, «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ КМВА «Помир»-ро қабул кард.

Бозӣ бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи чемпиони феълии Тоҷикистон анҷом ёфт. Голи ягона ва ғолибиятро дар дақиқаи 15-уми бозӣ аз пеналти Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд. Барои пеш аз мӯҳлат бори чорум унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудан, ба «Истиқлол» дар чор бозии боқимонда ба даст даровардани ҳамагӣ шаш имтиёз кифоят мекунад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 15-ум

«ИСТИҚЛОЛ» КМВА «ПОМИР» 1:0

Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 15 – аз пеналти.

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Хосе Баллестер, Хуршед Маҳмудов, Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46), Амирҷон Сафаров (Зиёвуддин Фузайлов, 73), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 46), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Манучеҳр Ҷалилов.

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фирдавс Чақалов, Фурӯғ Қодиров (Давронҷон Тухтасунов, 46), Сефах Жаке Нана, Павел Калугин, Комрони Мирзонаҷот (Азимҷон Қараев, 69), Андох Наполеон, Парвиз Кашкаров, Шамсиддин Қосимов, Сайёди Ковусшо, Рустам Толибов (Самадҷон Шарифов, 75).

Огоҳонида шуданд: Андох Наполеон, Сайёди Ковусшо (КМВА «Помир»).

Аз майдон хориҷ шуд: Анатолий Старушенко (КМВА «Помир»), 67 – фоли «умеди охирон».

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Хуршед Маҳмудов («Истиқлол»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

21 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобинон.

    Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 14 13 1 0 50-2 40
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 10 3 1 28-10 33
3 «Равшан» (Кӯлоб) 13 8 2 3 30-22 26
4 «Хайр» (Ваҳдат) 15 7 4 4 18-23 25
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 14 6 6 2 19-10 24
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 15 6 2 6 10-14 20
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 15 3 3 9 15-25 12
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 2 4 8 5-25 10
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 14 2 2 10 10-24 8
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 14 0 1 13 3-32 1

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӯҲРОБӣ («Равшан»), Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») –  15 голӣ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») –  8 голӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 5 голӣ.

Добавить комментарий