“Истиқлол” ба бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2015 баромад – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” ба бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2015 баромад

Чемпиони секаратаи Тоҷикистон ва барандаи феълии Ҷоми миллии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе, дар бозии ҷавобии нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2015 бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо шуда, барои бори ҳафтум паидарҳам соҳиби роҳхат ба финали мусобиқа гардид.

Рақиби “Истиқлол” дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2015, рӯзи 1-уми октябр дар бозии ҷавобии байни “Регар-ТадАз” ва КМВА “Помир”, ки дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир мегардад,  маълум хоҳад шуд. Бозии аввали ин дастаҳо дар доираи нимфинали Ҷоми миллӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

 

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозии ҷавобӣ

«РАВШАН» – «ИСТИҚЛОЛ» – 0:3

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 20 (0:1). Хосе Баллестер, 41 (0:2). Аҳтам Назаров, 90+2 (0:3).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Саидхони Амрохон, Мусо Содиқ, Сайдамири Сайдаҳмад, Акуффо Гершон, Суннатулло Холов, Бахтиёр Ҳаландаров, Наврӯз Рустамов, Абдурасул Раҳмонов, Музаффар Назаров (Абдураҳмон Нозимов, 46), Зокир Абдулхайров.

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Хосе Баллестер, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов (Сиёвуш Асроров, 46), Умедҷон Шарипов, Аҳтам Назаров, Зиёвуддин Фузайлов (Амирҷон Сафаров, 46), Бледа Родригес (Манучеҳр Ҷалилов, 77), Ромиш Ҷалилов (Парвизҷон Умарбоев, 75).

Огоҳонида шуданд: Наврӯз Рустамов, Абдурасул Раҳмонов, Бахтиёр Қаландаров («Равшан»), Зиёвуддин Фузайлов, Умедҷон Шарипов («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Хосе Баллестер («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

25 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи Марказӣ. 7000 тамошобинон.

Бозии якум – 0:7.

 

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 15:30

«РЕГАР-ТАДАЗ» КМВА «ПОМИР»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон), Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Вафо Қараев (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

 

Ҳамаи бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Бо пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восе) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Бо пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА«Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Бо пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – Ғолиби ҷуфти «Регар-ТадАЗ»/КМВА «Помир»

Добавить комментарий