“Истиқлол” аввалин имтиёзҳояшро аз даст дод – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” аввалин имтиёзҳояшро аз даст дод

Чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт нахустин имтиёзҳояшро аз даст дод. Дар бозии даври ҳафтуми чемпионат “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе натавонист бар “Хайр”-и Ваҳдат пирӯз гардад. Бозии марказии давр мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Аутсайдери чемпионати имсола “Равшан”-и Кӯлоб дар ин давр нахустин имтиёзро соҳиб шуд. Дружинаи Изатулло Исҳоқов дар майдони худ бозиро бо “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом кард.

Имрӯз чор бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Бозии марказии давр байни чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Қайд мекунем, ки ин бозӣ бо сабаби ҷавобгӯи меъёрҳои баргузории бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ набудани варзигоҳи “Хайр”, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд ва “Хайр” ба ҳайси соҳиби майдон бозӣ кард.

Дар ин давр “Вахш”-и Қӯрғонтеппа низ дар майдони худ ба муваффақият ноил шуд. Командаи Меҳроб Зайрбеков бозиро бо КМВА “Помир” бо ҳисоби 2 бар 0 бохта истода, матонату қавииродагӣ аз худ ҳосил кард ва ба дарвозаи мудофиачиён 3 гол зада, ғалбаи кард. Голҳои КМВА “Помир”-ро легионери африқоитабори даста аз давлати Гана Андох Наполеон ва Давронҷон Тухтасунов дар қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд. Дар қисми дуюми бозӣ ҳамлагари мунтахаби милии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов голи якуми қӯрғонтеппагиҳоро зад. Голи дуюмро Умедҷон Шарипов ва голи сеюмро Ҷамолиддин Зардиев ба нишон заданд.

Аутсайдери чемпионати имсола “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар ин давр авалин имтиёзи худро ба даст овард. Командаи Изатулло Исҳоқов дар майдони худ бозиро бо “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом кард.

“Ҳосилот”-и Фархор дар майдони худ бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Баъди ин ғалаба командаи Алиёр Ашӯрмамадов ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад.

Алоқамандона ба иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш, дар чемпионати Тоҷикистон танаффуси муваққатӣ мешавад ва бозиҳои даври навбатии чемпионати мамлакат баъд аз се ҳафта доир хоҳанд шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

«Хайр» – «Истиқлол» – 0:0

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Далер Шарипов, Эраҷ Раҷабов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан, Муҳсин Парпиев, Самад Шоҳзуҳуров (Маҳмадлоиқ Нуриддинов, 80), Мисиам Иносент, Яҳая Муборак, Маҳмадалӣ Содиқов, Агблей Ҷонес (Фирӯз Шамсиев, 57).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов, Фаридун Шарипов, Нозим Бобоҷонов (Шериддин Бобоев, 82), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ («Истиқлол»), Маҳмадалӣ Содиқов, Далер Шарипов («Хайр»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8,3 хол.

Нозири бозӣ: Анваршо Мирзоев (Душанбе).

21 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобинон

 

«Вахш» – КМВА «Помир» – 3:2

ГолҳоАндох Наполеон, 38 (0:1). Давронҷон Тухтасунов, 41 (0:2). Аҳтам Ҳамроқулов, 49 (1:2). Умедҷон Шарипов, 65 (2:2). Ҷамолиддин Зардиев, 75 (3:2).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Холмурод Назаров, Азамҷон Раҳмонов, Нумонҷон Ҳакимов, Улуғбек Абдулхайров, Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарипов, Собир Холматов (Валӣ Зарипов, 78), Эҳсон Бобоев, Аҳтам Ҳамроқулов.

КМВА «Помир» (Душанбе): Фатҳулло Бобоев, Акмал Сабуров (Фирӯз Раҳматов, 71), Сефах Жаке Нана, Фурӯғ Қодиров (Шамсиддин Қосимов, 78),  Фаррух Фузайлов, Комрони Мирзонаҷот, Парвиз Кашкаров, Фирдавс Чақалов, Шодибек Ғаффоров, Андох Наполеон, Давронҷон Тухтасунов (Комрони Мирзохон, 63).

Огоҳонида шудандНумонҷон Ҳакимов, Ҷамолиддин Зардиев, Холмурод Назаров («Вахш»), Фаррух Фузайлов, Шодибек Ғаффоров, Андох Наполеон, Акмал Сабуров (КМВА «Помир»).

Аз майдон хориҷ шуд: Худойдод Узоқов («Вахш»), 61 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

21 май. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошобинон.

 

«Ҳосилот» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Мусо Содиқ, 35.

Пеналтии амалинашудаҲасан Рустамов («Ҳосилот»), 58 – дарвозабон.

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов (Орзу Додхудоев, 83), Далерҷон Тухтасунов, Наврӯз Рустамов, Мусо Содиқ, Далер Шомуродов, Сафаралӣ Каримов (Ҳикматулло Расулов, 59), Абдурасул Раҳмонов (Нурулло Маҳмудов, 74), Иброҳим Рабимов, Акуффо Гершон, Соломон Течи.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Дадобоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шероз Абдуллоев, Шероз Раҷаматов, Саидҷон Шарипов, Фирӯз Юсупов, Дилшод Каримов, Руслан Раҳматов (Анвархон Темирхонов, 59), Дилшод Бозоров (Шероз Сангинов, 74), Абдумалик Шодиев (Марифҷон Марифбоев, 49).

Огоҳонида шудандНаврӯз Рустамов («Ҳосилот»), Дилшод Каримов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Мусо Содиқ («Ҳосилот»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

21 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 6800 тамошобинон.

 

«Равшан» – «Парвоз» – 3:3

Голҳо: Музаффар Назаров, 6 (1:0). Далер Чолов, 10 (2:0). Аваз Норкузиев, 18 – аз пеналти (2:1). Ширин Наимов, 25 (3:1). Руслан Таваккалов, 42 (3:2). Аваз Норкузиев, 56 (3:3).

СардоварБаҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8,5 хол.

Нозири бозӣ: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).

21 май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобинон.

 

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голы: Хуршед Маҳмудов, 17 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 57 (2:0). Фирӯз Қараев, 65 (2:1).

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Зиёвуддин Фузайлов (Қувватбек Равшанбеков, 88), Муҳаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (Муҳаммадҷон Шарипов, 83), Хуршед Маҳмудов (Алишери Ҳотам, 90+2), Нуриддин Ҳамроқулов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Алишер Шарипов, Фарҳод Холбеков (Фаррух Чориев, 62), Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев, Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов (Акбар Бобомуродов, 80), Мехроҷиддин Музаффаров (Азиз Бегов, 37).

Огоҳонида шудандОтабек Каримов, Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»), Фирӯз Қараев, Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣХуршед Маҳмудов («Барқчӣ»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Муҳаммадҷон Қурбонов (Хуҷанд).

20 май. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 1000 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 7 6 1 0 26-9 19
2 «Ҳосилот» (Фархор) 7 4 2 1 11-7 14
3 «Хайр» (Ваҳдат) 7 3 3 1 12-4 12
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 3 1 3 11-9 10
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 7 3 1 3 8-7 10
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 3 1 3 13-14 10
7 «Барқчӣ» (Душанбе) 7 3 1 3 10-11 10
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 7 3 0 4 5-12 9
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 1 1 5 7-14 4
10 «Равшан» (Кӯлоб) 7 0 1 6 6-22 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 гол, Агблей Ҷонес («Хайр») – 6 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») – 4 голӣ.

Добавить комментарий