«Истиқлол» ҷамъомади дуюми худро дар Туркия мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ҷамъомади дуюми худро дар Туркия мегузаронад

Чемпиони феълии футболи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ҷамъомади омӯзишӣ-машқии дуюми зимистонии худро дар Анталияи Туркия мегузаронад.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахт, рӯзи 31-уми январ, «Истиқлол» ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишӣ-машқии ду ҳафтаина ба Анталия Туркия сафар мекунад. Дар давраи будубоши худ дар Анталия «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Корвонсарой» истиқомат хоҳад кард. Дар доираи ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ, инчунин баргузории чор бозии санҷишии даста бо бошгоҳҳои футболи хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Пеш аз сафар ба Туркия, бошгоҳи футболи пойтахт бо витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд»-и Хуҷанд як бозии санҷишӣ мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи 29 январ, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ  доир мешавад. Ёдрас мешавем, ки ду бозии қаблии санҷишии ин дастаҳо, ки дар Қайроққум доир шуданд, мусовӣ (1:1, 2:2) анҷом ёфтанд.

Добавить комментарий