Испания рақиби мунтахаби наврасони тоҷик дар Ҷоми президенти Қазоқистон – Федерация Футбола Таджикистана

Испания рақиби мунтахаби наврасони тоҷик дар Ҷоми президенти Қазоқистон

Мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аз 22 то 26 июн дар 8-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон ширкат мекунад. Дружинаи Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Испания, Қазоқистон ва Қирғизистон рақобат хоҳад кард.

Дар гурӯҳи “В” мунтахабҳои наврасони Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон баромад мекунанд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо бо ҳамдигарӣ дар як қисм бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳ дар бозии ниҳоӣ барандаи ҷомро муайян мекунанд. Дигар дастаҳо барои муайян кардани ҷойҳои боқимондаи мусобиқа рақобат мекунанд.

Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон аз 22 то 26 июн дар Остона доир мешавад. Ҷоизапулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барандаи ҷом бо 10 ҳазор, финалисти мусобиқа бо 6 ҳазор ва ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бо 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон зери роҳбарии Салоҳиддин Ғафуров соли гузашта дар ин мусобиқа зинаи ифтихории 3-юмро ишғол карда буд.

 

8-умин мусобиқаи байналмилалии наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон

Гурӯҳи «А»: Қазоқистон, Испания, ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон.

Гурӯҳи «В»: Русия-2, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон.

 

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

22 июн (душанбе)

10.00 – Беларус – Озарбойҷон

12.00 – Русия-2 – Гурҷистон

14.00 – Испания – ТОҶИКИСТОН

18.30 – Маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқа

19.00 – Қазоқистон – Қирғизистон

 

Даври 2-юм

23 июн (сешанбе)

10.00 – Беларус – Гурҷистон

13.00 – Русия-2 – Озарбойҷон

16.00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

19.00 – Қазоқистон – Испания

 

Давр3-юм

25 июн (панҷшанбе)

10.00 – Гурҷистон – Озарбойҷон

13.00 – Русия-2 – Беларус

16.00 – Испания – Қирғизистон

19.00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН

 

Бозиҳои финалӣ

26 июн (ҷумъа)

10.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

12.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

14.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

19.00 – Бозии ниҳоӣ

Добавить комментарий