Искандар Ҷалилов ба «Дунав»-и Булғория гузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Искандар Ҷалилов ба «Дунав»-и Булғория гузашт

Собиқ бозигари «Истиқлол» ва «Хуҷанд» Искандар Ҷалилов карераи бозигарияшро дар бошгоҳи футболи «Дунав»-и Булғория идома хоҳад дод.

Ба бошгоҳи футболи «Дунав» Искандар Ҷалилов аз «Волга»-и Нижегородск гузашт. Ҷалилов ду соли охир дар ҳайати «Волга» баромад мекард. То гузаштан ба ҳайати «Волга» бошад ӯ дар бошгоҳҳои футболи «Истиқлол» ва «Хуҷанд» баромад намуд.  Искандар Ҷалилов, инчунин таҷрибаи бозикунӣ дар ҳайати дастаҳои футболи “Рубин”-и Қазон, “Нефтехимик”-и Нижекаск  ва “Турну-Северин”-и Руминияро дорад. Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар як бозии дӯстона муқобили Эстония (1:2) иштирок кардаст.

Дар ҳайати дастаи нави худ имкон дорад, Ҷалилов рузи шанбеи 30 июл бозии якумашро гузаронад. Дар  ин рӯз “Дунав” дар доираи вохӯриҳои  даври якуми чемпионати Булғория муқобили клуби футболи “Верия” бозӣ мекунад.

Қобили қайд аст, ки Искандар Ҷалилов дувумин футболбози тоҷик шуд, ки дар чемпионати Булғория бозӣ хоҳад кард. Қаблан ниммуҳофизи “Истиқлол” ва мунтахаби милии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев ба ҳайати бошгоҳи футболи “Локомотив”-и Пловдиви ин кишвар шомил шуд.

Добавить комментарий