Иштироки наврасони Академияи ФФТ дар мусобиқаи байналмилалии Алмаато – Федерация Футбола Таджикистана

Иштироки наврасони Академияи ФФТ дар мусобиқаи байналмилалии Алмаато

Дастаи Академияи футболи ФФТ дар мусобиқаи дуввуми байналмилалӣ байни футболбозони соли таваллудашон 2003  бахшида ба хотираи арбоби давлатии Қазоқистон Нурлан Каппаров иштирок кард.

Мусобиқаҳо дар шаҳри Алмаато сурат гирифтанд ва дар он шаш даста -«Кайрат» (Алмаато), «Зенит» (Санкт-Петербург), «Пахтакор» (Тошкент), «Дордой» (Бишкек), Академияи ФФТ (Душанбе) ва «Велвет» (Алмаато) ширкат варзиданд.

Дастаи Академияи ФФТ дар як давр панҷ вохӯрӣ барпо карда, бар «Велвет» (Алмаато) бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад. Вохӯрӣ бо дастаи «Дордой» (Бишкек) мусовӣ 1:1 ба анҷом расид. Футболбозони мо аз дастаҳои «Зенит» (Санкт-Петербург) бо натиҷаи 0:8,  «Пахтакор» 1:2 ва -«Кайрат» 0:2 мағлуб гардиданд.

Директори Академияи ФФТ Умедҷон Умаров дар мусоҳиба ба сомонаи мо арз кард, ки даста аз ин мусобиқа таҷрибаи бой андӯхт, ки дар оянда ба кор хоҳад омад.

«Барои футболбозони мо ин аввалин таҷрибаи бозиҳои байналмилалӣ буд. Онҳо дар ҳаяҷон буданд ва худро хуб нишон дода тавонистанд. Аммо дар баъзе аз бозиҳо тарафгирии доварон ба мушоҳида расид ва ба натиҷа таъсир расонд. Ба ин нигоҳ накарда мусобиқа хеле ҷолибу шавқовар гузашт. Ба таъсисдиҳандагони ин мусобиқа изҳори минатдорӣ мекунем», -ҷамъбаст намуд, Умедҷон Умаров.

Добавить комментарий