Иштирокчиёни фестивали КФО Душанберо сайёҳат карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Иштирокчиёни фестивали КФО Душанберо сайёҳат карданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон дар рӯзи истироҳатиашон барои иштирокчиёни Фестивали минтақавии Конфедератсияи футболи Осиё (U-14) сайёҳатро дар пойтахти кишвар ташкил намуд.

Футболбозони навраси давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Непал, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва инчунин мизбонони Фестивал наврасони Тоҷикистон аз боғи нави пойтахт, шаршараи сунъии “Наврӯзгоҳ” дидан намуда, дар маркази шаҳр, дар пояи ҳайкали асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ аккосӣ шуданд. Бозигарону мураббиёни дастаҳои иштирокчӣ “Боғи Рӯдакӣ”, “Боғи парчами миллӣ” ва Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карда, барои худ таассуроти фаромӯшнашаванда бардоштанд.

Рӯзи душанбеи 25-уми май дар Академияи футболи “Истиқлол” бозиҳои ҷамъбастии даври гурӯҳии Фестивал доир мешаванд.

_DSC1340_DSC1332_DSC1387

Добавить комментарий