Ироқ – рақиби мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар даври аввал – Федерация Футбола Таджикистана

Ироқ – рақиби мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар даври аввал

Тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни мунтахабҳои футболи занона интишор шуд. Мунтахаби футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо мунтахабҳои занонаи Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ ва АМА  баромад мекунад.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А» аз 3 то 12 апрел дар Душанбе баргузор мешавад. Бозии якуми худро дастаи Сулаймон Бобокалонов рӯзи 3 апрел муқобили мунтахаби Ироқ мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 чор гурӯҳ – се гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ ва як гурӯҳ иборат аз шаш даста – таъсис ёфтанд. Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ ва ИМА рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «В» Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Ҳонконг, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ дохил шуданд. Ба гурӯҳи «С» Тайланд, Тайван, Лубнон, Фаластин ва Гуам, ба гурӯҳи «D» Ветнам, Мянмар, Эрон, Сурия ва Сингапур шомиланд.

Дастаи мунтахаби занонаи Урдун, ки ба ҳайси мизбони Ҷоми Осиё-2018 мустақиман ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтааст, дар сабқати нитихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Урдун ғолиби гурӯҳ шавад, он гоҳ дастае, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи дувумро мегирад, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 роҳ меёбад.

Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 ғолибони чор гурӯҳи марҳилаи интихобӣ роҳхат мегиранд. Ба ғайр аз Урдун, се дастаи беҳтарини охирин чемпионати Осиё, ки соли 2014 дар Ветнам доир шудааст, яъне Ҷопон, Австралия ва Чин, ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ мушарраф гаштаанд.

 

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё – 2018 миёни дастаҳои мунтахаби занона:

Гурӯҳи «А»: Урдун, Филиппин, Баҳрайн, Ироқ, ИМА, Тоҷикистон (мизбон).

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Ҳонконг, Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ (мизбон).

Гурӯҳи «С»: Тайланд, Тайван, Лубнон, Фаластин (мизбон), Гуам.

Гурӯҳи«D»: Ветнам (мизбон), Мянмар, Эрон, Сурия, Сингапур.

 

Тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «A»

Даври 1-ум

3 апрел (душанбе)

Ироқ – ТОҶИКИСТОН

Баҳрайн – Урдун

Филиппин – ИМА

 

Даври 2-юм

5 апрел (чоршанбе)

Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН

Урдун – ИМА

Филиппин – Ироқ

 

Даври 3-юм

7 апрел (ҷумъа)

ТОҶИКИСТОН – Филиппин

ИМА – Баҳрай

Урдун – Ироқ

 

Даври 4-ум

10 апреля (душанбе)

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Ироқ – ИМА

Филиппин – Баҳрайн

 

Даври 5-ум

12 апрел (чоршанбе)

ИМА – ТОҶИКИСТОН

Баҳрайн – Ироқ

Урдун – Филиппин

Добавить комментарий