Қирғизистон – Тоҷикистон: таърихи рақобатҳои футболӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Қирғизистон – Тоҷикистон: таърихи рақобатҳои футболӣ

Дар Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзокови шаҳри Бишкек имрӯз, 8 октябр бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 миёни тимҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон доир мешавад.

Ба таърихи рақобатҳои тими миллии Тоҷикистон бо Қирғизистон назар дӯхта, бо боварӣ метавон гуфт, ки ин даста барои мо ҳарифи қулай ва мусоид аст. Қаблан, дар доираи сабқатҳои гуногун ва бозиҳои дӯстона мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон 10 маротиба бо ҳам рӯбарӯ шуда, дар ҳафт бозӣ футболбозони тоҷик ва дар 2 бозӣ дастаи Қирғизистон пирӯз шуда, як вохӯрӣ мусовӣ анҷом ёфтаст.  Дар ин даҳ бозӣ мунтахаби мо ба дарвозаи қирғизҳо 16 гол зада, аз дарвозаи худ 8 гол сар додаст.

 

Таърихи рақобатҳо байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон:

Сабқати байналмилалӣеҳрон)

8 июни соли 1993

ТОҶИКИСТОНҚирғизистон – 1:1

Голро аз Тоҷикистон: Тоҳир Муминов, 85.

 

Сабқати байналмилалӣошканд)

15 апрели соли 1994

ТОҶИКИСТОНҚирғизистон – 1:0

Гол: Константин Ерофеев, 67.

 

Ҷоми Осиё-2000. Марҳилаи интихобӣ (Душанбе)

5 августи соли 1999

ТОҶИКИСТОНҚирғизистон – 3:2

Голҳо аз Тоҷикистон: Тоҳир Муминов, 6, 11, аз пеналти, Ораз Назаров, 57.

 

ҶҶ-2006. Марҳилаи интихобӣ (Бишкек)

18 феврали соли 2004

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 1:2

Голҳо аз Тоҷикистон: Пирмурод Бурҳонов, 31, 54.

 

ҶҶ-2006. Марҳилаи интихобӣ (Душанбе)

13 октябр соли 2004 

ТОҶИКИСТОНҚирғизистон – 2:1

Голҳо аз Тоҷикистон: Юсуф Рабиев, 19, Мансур Ҳакимов, 37.

 

Ҷоми даъвати АФК-2006. Марҳилаи гурӯҳӣ (Дакка, Бангладеш)

6 апрели соли 2006

ТОҶИКИСТОНҚирғизистон – 0:1

 

Ҷоми даъвати АФК-2006. Нимфинал (Дакка, Бангладеш)

13 апрели соли 2006

ТОҶИКИСТОНҚирғизистон – 2:0

Голҳо: Юсуф Рабиев, 51, 90.

 

Ҷоми даъвати АФК-2012. Марҳилаи интихобӣ (Мале, Молдив)

21 марти соли 2011 

ТОҶИКИСТОНҚирғизистон – 1:0

Гол: Руслан Сидиқов, 88 – ба дарвозаи дастаи худ.

 

Ҷоми даъвати АФК. Марҳилаи интихобӣ (Бишкек)

21 марти соли  2013 года

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 1:0

 

Бозии дӯстона (Бишкек)

15 октябри соли  2013

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН – 1:4

Голҳо аз Тоҷикистон: Нуриддин Давронов, 6, Дилшод Восиев, 28, Фарҳод Тоҳиров, 32, Соҳиб Саванқулов, 40.

Добавить комментарий