Мувофиқи ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар соли 2015 бо мақсади футбол бештар аз 1000 нафар шаҳрвандони хориҷӣ (бозигарон, мураббиён, доварон, комиссарон, нозирон, дастурдиҳандагон, намояндагони расмии ФИФА ва КФО, мухлисону меҳмонон) ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки ин хеле шумораи таъсирбахш аст!
Соли ҷорӣ ба кишвари мо бошгоҳҳои футболи «Шайх Рассел Крира Чакра Лимитед» (Бангладеш), «Эрбил» (Ироқ), «Ал-Қадсия» (Кувайт), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Ваҳда» (Суия), «Паҳанг», «Ҷохор Дарул Таъзим» (ҳар ду аз Малайзия), «Газовик» (Россия), мунтахабҳои миллии Австралия, Урдун, Бангладеш ва Сурия, мунтахабҳои ҷавонони Ироқ, Баҳрайн ва Молдив мунтахабҳои футзали Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон, мунтахабҳои наврасони Ҳиндустон, Эрон, Непал, Афғонистон, Покистон ва Шри-Ланки ташриф оварданд.
Бозиҳои байналмилалиеро, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор шуданд, доварон Россия, Қатар, Узбекистон, Ҳиндустон, Урдун, Бангладеш, Япония, Эрон, Баҳрайн, Ироқ, Хитой, АМА, Шри-Ланка, Кувайт, Умон, Непал, Афғонистон ва Покистон хизматрасонӣ карданд.
Инчунин, дар ин вохӯриҳои байналмилалӣ ба сифати нозири доварон ва каммисарони бозиҳо мутахассисон аз кишварҳои Малайзия, Умон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Непал, Хитой, Урдун, Сингапур, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Гонконг, Қатар, Фаластин ва Ироқ фаъоият доштанд.