Имрӯз қуръакашии чемпионати футзали Осиё-2016 доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз қуръакашии чемпионати футзали Осиё-2016 доир мешавад

Имрӯз, 2 декабр, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016 доир мешавад. Дар ин чорабинӣ рақибони мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё маълум хоҳанд шуд. Оғози қуръакашӣ – соати 18.00.

Мунтахаби милии футзали Тоҷикистон дар сабади чорум бо мунтахабҳои миллии футзали Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ «шиноида» шудааст ва дар марҳилаи гурӯҳи бо ин дастаҳо рӯбарӯ намешавад.

 

Ҳайати пурраи мунтахабҳо дар сабадҳо ба таври зайл аст:

Сабади 1: Узбекистон, Ҷопон, Эрон, Таиланд.

Сабади 2: Австралия, Лубнон, Ветнам, Ироқ.

Сабади 3: Қирғизистон, Тайбэйи Чин, Малайзия, Хитой.

Сабади 4: ТОҶИКИСТОН, Қатар, Урдун, Арабистони Саудӣ.

Чемпионати футзали Осиё-2016, ки аз рӯи ҳисоб 14-ум мебошад,  дар Тошканди Узбекистон аз 10 то 21 феврал доир мешавад. Қаблан футзалистони тоҷик дар ин сабқати байналмилалӣ 8 маротиба-соҳои  2001, 2005, 2006, 2007, 2008, 2010, 2012 ва 2014 иштирок кардаанд. Натиҷаи беҳтарини баромади мунтахаби милли футзали Тоҷикистон соли 2007 дар Ҷопон мебошад. Дар сабқати мазкур футзалистони тоҷик ба борзиҳои чорякфиналии чемпионати футзали Осиё-2007 роҳхат гирифтанд.

Добавить комментарий