Имрӯз оғози бозиҳои Ҷоми Осиё-2018 дар шаҳри Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз оғози бозиҳои Ҷоми Осиё-2018 дар шаҳри Душанбе

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» имрӯз, соати 13:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шурӯъ гардид. Аввалин шуда ба майдон дастаҳои мунтахаби бонувони Баҳрайн ва Урдун ворид шуданд.

Дар бозии дуввуми рӯз соати 16 дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо Ироқ қувва меозамоянд. Баъдан дар соати 19:00 футболбоздухтарони Филиппин ва Урдун ба дидори ҳам мераванд.

Ёдарас мешавем, ки барои ягона роҳхат ба бозиҳои финалӣ дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Урдун, Баҳрайн, Ироқ, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Филиппин дар шаҳри Душанбе мубориза мебаранд ва ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.

Аслан дар Оисё 4 гӯрӯҳи бозиҳои интихобии Ҷоми Осмиё-2018 таъсис джода шудаанд ва ғолибони ҳар 4 гурӯҳ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018, ки дар Урдун мегузаранд, роҳхат мегиранд.

Дастаи мунтахаби бонувони Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои финалӣ аллакай ҳаққи иштирокро дар финал пайдо кардааст ва дар ин бозиҳо берун аз озмун ширкат менамояд. Агар футболбозони ин даста дар Душанбе ғолиби гурӯҳи «А» гарданд, пас соҳиби мақоми дуюм мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ меравад.

Ба ҷуз аз дастаи мунтахабии Урдун (мизбон) се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2014, ки дар Ветнам гузашта буд, дар бозиҳои финалӣ иштирок менамоянд. Инҳо дастаҳои мунтахаби бонувони Япония, Австралия ва Чин мебошанд.

 

Тақвими бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» дар  шаҳри Душанбе

Даври 1

3 апрел (душанбе)

13:00 – Баҳрайн – Урдун

16:00 – Ироқ – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Филиппин – Амороти Мутаҳидаи Араб

Даври 2

5 апрел (чоршанбе)

13:00 – Филиппин Ироқ

16:00 – Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Урдун – Амороти Мутаҳидаи Араб

Даври 3

7 апрел (ҷумъа)

13:00 – Амороти Мутаҳидаи Араб – Баҳрайн

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Филиппин

19:00 – Урдун – Ироқ

Даври 4

10 апрел (душанбе)

13:00 – Ироқ – Амороти Мутаҳидаи Араб

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Урдун

19:00 – Филиппин – Баҳрайн

Даври 5

12 апрел (чоршанбе)

13:00 – Урдун – Филиппин

16:00 – Амороти Мутаҳидаи Араб – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Баҳрайн – Ироқ

Добавить комментарий