Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2017 дар минтақаи Суғд имрӯз, 17 январ, бо бозӣ миёни дастаҳои футболи «Ашт» – «Хуҷанд» шурӯъ мешавад.
Ба иттилои котиби масъули Федератсияи футболи вилояти Суғд Аҳлиддин Юнусов, дар ин марҳилаи мусобиқа дар минтақаи Суғд ҳафт даста ширкат хоҳанд кард. Инҳо дастаҳои футболи «Захираҳои олимпӣ» (Истаравшан», «Ашт» (Ашт), «Хуҷанд» (Хуҷанд), МТО, МВКН №1, «Эсхата» (ҳарсе аз Хуҷанд) ва «Зарбдор» (Исфара) мебошанд.
Марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2017 дар минтақаи Суғд мувофиқи системаи даврӣ дар як қисм мегузарад ва ҳар даста шаш вохӯрӣ мегузаронад. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи пешакӣ бошад ду дастаи мақоми аввал ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳӣлаи ниҳоии мусобиқа аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ҷоми ФФТ-2017
Марҳлаи пешакӣ. Минтақаи Суғд
Даври 1-ум
17 январ (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Ашт» – «Хуҷанд»
18 январ (чоршанбе)
Оғи бозӣ соати14:00
МТО – «Зарбдор»
20 январ (ҷумъа)
Оғи бозӣ 14:00
МВКН №1 – «Эсхата»
Даври 2-юм
21 январ (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Захираҳои олимпӣ» – «Ашт»
22 январ (якшанбе)
Оғози бозиҳо соати 14:00
«Зарбдор» – МВКН №1
«Хуҷанд» – МТО
Даври 3-юм
25 январ (чоршанбе)
Оғози бозиҳо соати 14:00
МТО – «Захираҳои олимпӣ»
МВКН №1 – «Хуҷанд»
26 январ (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Эсхата» – «Зарбдор»
Даври 4-ум
28 январ (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Ашт» – МТО
29 январ (якшанбе)
Оғи бозиҳо соати 14:00
«Захираҳои олимпӣ» – МВКН №1
«Хуҷанд» – «Эсхата»
Дапври 5-ум
1 феврал (чоршанбе)
Оғози бозиҳо соати 14:00
МВКН №1 – «Ашт»
«Эсхата» – «Захираҳои олимпӣ»
2 феврал (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Зарбдор» – «Хуҷанд»
Даври 6-ум
4 феврал (шанбе)
«Ашт» – «Эсхата»
МТО – МВКН №1
5 феврал (якшанбе)
«Захираҳои олимпӣ» – «Зарбдор»
Даври 7-ум
7 феврал (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Эсхата» – МТО
8 феврал (чоршанбе)
Оғи бозиҳо соати 14:00
«Зарбдор» – «Ашт»
«Хуҷанд» – «Захираҳои олимпӣ»