Имрӯз бозиҳои сабқати лигаи якуми Тоҷикистон шурӯъ мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз бозиҳои сабқати лигаи якуми Тоҷикистон шурӯъ мешаванд

Имрӯз, 20 апрел, сабқати лигаи якуми Тоҷикистон бо баргузории се бозӣ шурӯъ меавад. Интизор меравад, ки мусобиқаи имсола бо иштироки 13 дастаи футболи шаҳру навоҳии мамлакат хеле шавқовару ҷозиб доир хоҳад шуд.

Дар мусобиқаи имсола дастаҳои «Исфара» (Исфара), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Ҳулбук» (Восе), «Канд» (Конибодом), «Локомотив» (Душанбе),  «Коммуна» (Фархор), «Помир» (Душанбе), «Парвин» (Бохтар), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Зарафшон» (Панҷакент), «Саройкамар» (Панҷ), «Чашма» (Шаҳритус) ва  «Панҷшер» (Балхӣ).

Мувофиқи қуръакашии қаблӣ дар даври аввали мусобиқа ръзи чоршанбеи 20 апрел дар се бозии ифтитоҳӣ дастаҳо ба таври зайл вомехӯранд: «Кӯктош» – «Панҷешр», «Ҳулбук» – «Чашма» ва «Локомотив» – «Зарафшон». Барномаи даври аввал рӯзи панҷшанби 21 апрел бо баргузории се бозии дигар –  «Канд» – «Саройкамар», «Коммуна» – «Ваҳдат» ва «Помир» – «Парвин» анҷом мешавад. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:00.

 

Сабқати лигаи якуми Тоҷикистон. Даври 1-ум

20 апрел (чоршанбе)

Оғоз соати 16:00

«Кӯктош» – «Панҷшер»

«Ҳулбук» – «Чашма»

«Локомотив» – «Зарафшон»

21 апрел (панҷшанбе)

Оғоз соати 16:00

«Канд» – «Саройкамар»

«Коммуна» – «Ваҳдат»

«Помир» – «Парвин»

Добавить комментарий