Имрӯз бозӣ байни «Истиқлол» – «Нафит Ал-Васат» доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Имрӯз бозӣ байни «Истиқлол» – «Нафит Ал-Васат» доир мешавад

Имрӯз, 12 апрел, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 байни чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва чемпиони амалкунандаи Ироқ “Нафит Ал-Васт” дар квартети “В” доир мегардад.

Садои ҳуштаки довари ин вохӯрӣ аз давлати Баҳрайн Салоҳ Аббас Ал-Аббосӣ оиди оғози бозӣ соати 19:00 садо хоҳад дод. Баъд аз анҷоми мусобиқа байни мухлисон бозии лотореяи варзишӣ доир мегардад, ки дар он се смартфони «Samsung Galaxy» бозӣ доронда мешавад.

Ҳамаи мухлисонро ба варзишгоҳ ба дастгирии чемпиони Тоҷикистон даъват менамоем. Дар ин бозӣ чемпиони мо ба дастгириву ҳавохоҳии мухлисон ниёз дорад ва дар якҷоягӣ албатта ба ҳадафҳои худ мерасем!!!

 

Ҷоми КФО-2016. Гурӯҳи «В». Даври 4-ум

19:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

17:30 – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) 3 2 0 1 4-2 6
2 «Ал-Файсалӣ» (Урдун) 3 1 2 0 3-2 5
3 «Триполи» (Лубнон) 3 1 1 1 3-3 4
4 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 3 0 1 2 1-4 1

Добавить комментарий