Игор Черевченко: «Фикр мекунам, ки бисёр тантанаи хуб шуд» – Федерация Футбола Таджикистана

Игор Черевченко: «Фикр мекунам, ки бисёр тантанаи хуб шуд»

Сармураббии «Локомотив»-и Москва Игор Черевченко дар нишасти хабарии баъд аз бозии байналмилалии дӯстона байни «Истиқлол» ва «Локомотив» (1:2) назари худро нисбати бозӣ баён кард.

Игор Черевченко, сармураббии «Локомотив»:

– Ба фикрам бисёр тантанаи хуб шуд. Ягона чие, ки маро мушавваш сохт – ин лат бардоштани Виталий Денисов мебошад. Дигар ҳама ба фикрам аз тамошои бозӣ қаноатманд ҳастанд. Бозии дӯстона хеле шавқовару тамошобоб сурат гирифт ва дар ин бозӣ, пеш аз ҳама дӯстӣ ғалаба кард. Ин бозӣ, бешак, дар муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Россия рӯйдоди муҳим гардид. Аз мизбонон барои меҳмоннавозии гарму ҷӯшон сипосгузорем. Ба ҳаводорони футбол, ки дар миёни онҳо мухлисони “Локомотив” низ кам набуданд ва моро дастгирӣ карданд, ташаккур мегӯем”, – иброз дошт Игор Черевченко, сармураббии “Локомотив”.

Добавить комментарий