Ифтитоҳи майдончаҳои нави футболбозӣ дар шаҳрҳои Роғуну Ҳисор – Федерация Футбола Таджикистана

Ифтитоҳи майдончаҳои нави футболбозӣ дар шаҳрҳои Роғуну Ҳисор

Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмони майдончаҳои футболбозии замонавии сабзаашон сунъӣ идома дорад. Ҳафтаи гузашта ба муносибати таҷлили ҷашни 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ин гуна маҷмааҳои варзишӣ мавриди баҳрабардории васеи аҳолӣ қарор дода шуданд.

Ба ин тартиб, дар Роғун ду адад ва дар Ҳисор як адад чунин майдончаҳои футболбозӣ дари худро ба рӯи дӯстдорони футбол боз карданд. Майдончаҳои мазкур, ки ҳадафи асосӣ аз бунёдашон ҷалби шумораи бештари кӯдакону наврасон ба бозии футбол мебошад, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуданд. Дар маросими ифтитоҳи ин майдончаҳо Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев иштирок намуд.

4

Добавить комментарий