Иди футболи кӯдакон дар Қӯрғонтеппа – Федерация Футбола Таджикистана

Иди футболи кӯдакон дар Қӯрғонтеппа

Рӯзи 2 август дар шаҳри Қӯрғонтеппа марҳилаи вилоятии сабқати чумҳуриявӣ байни дастаҳои футболи наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 бо ғалабаи дастаи “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъбаст шуд. Барои роҳхат ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа дар минтақаи Қӯрғонтеппа 13 даста талош карданд.

Дар бозиҳои нимфиналӣ “Панҷшер”-и Румӣ  бо ҳисоби 4 бар 3 “Дӯстӣ”-и ноҳияи Қумсангирро мағлуб кард. Дар бозии дуюми полуфиналӣ “Арал” аз рӯи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бар “Вахш” бо ҳисоби 5 бар 4 ғолиб омад. Вақти асосии ин вохӯрӣ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Вахш” бо ҳисоби калони 7 бар 1 ҳамсолони худро аз дастаи “Дӯстӣ” шикаст дод. Дар бозии финалӣ байни “Арал” бо “Панҷшер” вақти асосӣ бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом ёфт. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бошад, бахт бар рӯи футболбозони навраси “Арал” хандид ва онҳо бо ҳисоби 5 бар 4 ғолиби мусобиқа дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии он шуданд.

Ба ин тартиб дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад, дастаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок мекунад.

Ҳаминро қайд мекунем, ки барои ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон консерт ва зиёфати идона ташкил карда шуд.

Добавить комментарий