“Хуҷанд” аз бохт дар дақиқаи 90+13-и бозӣ халос хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

“Хуҷанд” аз бохт дар дақиқаи 90+13-и бозӣ халос хӯрд

Дар бозии марказии даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон миёни “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ғолиб маълум нашуд. Дастаи соҳили Сирдарё дар дақиқаи 13-уми ба вақти асосии бозӣ илова намудаи сардовар ба задани гол муваффақ шуда, аз мағлубшавӣ халос хӯрд. Голро Манучеҳр Аҳмадов ба ҳадаф расонид.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«БАРҚИ ТОҶИК» «ХАЙР» 2:4

Голҳо: Сефах Жаке Нана, 17 (0:1). Сафархон Мирзоев, 41 (1:1). Алишер Улмасов, 69 (1:2). Баҳодур Шарифов, 75 – аз пеналти (1:3). Сафархон Мирзоев, 80 (2:3). Муҳсин Парпиев, 83 (2:4).

 

«ВАХШ» «РЕГАР-ТАДАЗ» 0:3

ГолҳоАлишер Баротов, ба дарвозаи дастаи худ, Абдулло Саидов, Даврон Мирзаев.

Аз бозӣ ронда шуданд: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан («Вахш»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

 

«ХУҶАНД» «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» 1:1

Голҳо: Иброҳим Рабимов, 9 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 90+13 (1:1).

 

10 май (якшанбе)

Оғоз соати 17:00

«ПАРВОЗ» КМВА «ПОМИР»

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 26-2 15
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 3 2 0 10-5 11
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 3 1 1 8-4 10
4 «Хайр» (Ваҳдат) 5 3 1 1 10-8 10
5 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 4 1 2 1 6-4 5
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 1 2 2 2-5 5
7 «Равшан» (Кӯлоб) 5 1 1 3 6-13 4
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 4 1 0 3 3-10 3
9 КМВА«Помир» (Душанбе) 4 0 1 3 1-8 1
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 4 0 0 4 0-13 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 4 тӯб, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3 тӯбӣ.

Добавить комментарий